ВидеоДин ва боварҳоФарҳангЧеҳраҳо

ҚОРӢ НЕЪМАТУЛЛОҲИ КӮЛОБӢ ДАР СИННИ 101 АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД (ВИДЕО)

Нашрияи  Пайк хабар дод, ки қалби Қорӣ Неъматуллоҳи Кӯлобӣ – кӯҳансолтарин хунёгари тоҷик рӯзи 6 феврал дар синни 101 аз тапидан бозмонд.

Маросими видоъ бо ин сурнайнавоз ва ҳофизи мардумӣ дар хонааш дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб ва намози ҷанозааш пеш аз намози пешин дар масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам баргузор шудааст.

Ҳамагӣ як сол пеш  дар Кӯлоб садсолагии ин мутриб ва хонандаи беҳамтои таронаҳои мардумиву мазҳабиро бо шукӯҳ таҷлил карда, ба ӯ ҷомаву тоқӣ пӯшонда буданд.

Неъматулло Тиллоев 1 январи соли 1921 дар гузари Шаҳид, ҳозира кӯчаи Чапаеви шаҳри Кӯлоб дар оилаи Азизов Тилло ба дунё омада, овони хурдӣ аз падару модар маҳрум мегардад ва чун фарзанди калонӣ тамоми вазнинии рӯзгори оила ба души ӯ меафтад.

Маҳз бо шарофати доштани овози фораму ҷарангосӣ ӯ бо устоди аввалинаш Чоли сурнайнавоз дар тӯю маъракаҳои мардум иштирок карда, соҳиби ризқу рӯзи мегардад. Қобилияти баланди сарояндагӣ ва навозандагиаш ӯро соли 1936 ба театри касбии имрӯза, ки ба номи шоир ва ҳофизи халқ Сайдалӣ Вализода гузошта шудааст, овард ва Қорӣ Неъматуллоҳ беш аз  аз панҷоҳ сол дар ин боргоҳи ҳунар фаъолият намудааст.

Неъматуло Тиллоев дар баробари сарварони аввали театри касбии шаҳри Кӯлоб Жорж Вилямс, Боиров Т, В. Смирнов, ҳунармандон; ҳофиз ва шоири халқ Сайидалӣ Вализода, Тӯйдӣ Бобиева, Саъдулло Каримов, Маҳмуд Султонов, Қодирҷон Шарифов, Сабоҳат Хоҷаева, Чол Одинаев, Абдулло Азизов ва Ҳалим Раҳимов аввалин поягузорони театри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз соли 1945 дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» оид ба намоишномаҳои театри мазкур чунин сатрҳо сабт гардида буданд: «Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи театри Кӯлоб дар он аст, ки санъати он нисбати ҳамкорӣ бо шоиру сарояндагони маҳал ва устодони санъати халқ сурат мегирад.»

Беш аз 15 оҳанги устод Неъматуло Тиллоев таҳти унвонҳои “Сабти Сурнай”, “Соқиномаи Сурнай”, “Чамани ялла”, “Уфари дугоҳ”, “Уфари Сурнай”, “Ҷамҷама” ва дигар оҳангҳои эҷоднамудаи ӯ дар захираи тиллои Радиои Тоҷикистон сабт шудааст.

Қорӣ Неъматуллоҳро хурду бузурги Хатлонзамин, бахусус сокинони Кӯлобшаҳри бостонӣ ҳамчун ҳофиз, зарофатгӯй ва сурнайнавози машҳур мешинохтанду эҳтиром мекарданд.

“Бе муболиға метавон гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб хонаеро ёфтан душвор аст, ки шодравон Неъматулло дар тӯйи домодию арӯсии писар, духтар, набера ва ё ягон хеши наздики он хонавода бо навозиши ҷолиби сурнайи хеш иштирок накарда бошад. Соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб 100 солагии ин шахсияти нодир бо шукуҳи хосса ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҷашн хунёгар сурнай ба даст гирифта навохт ва ҳам ғазалеро замзама карда, нишон дод, ки ҳунари асил пирӣ ва хастагӣ надорад. Садои ҷаззобу ширинаш толори театри Вализодаро пур карда,  мужда аз ҳунари абадзиндаи миллати тоҷик дод. Навои сурнайи ӯ башорат аз тую сур медод. Рӯҳат шод ва хонаи охиратат обод бод, бобои Қорӣ Неъматулло”,  менависад “Пайк”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button