ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 110 КИЛО МАВИЗУ ПИСТА АЗ МУСОФИРОНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ САРАТОВ

Идораи Россельхознадзори вилоятҳои Саратову Самара  бо ҷамъбасти моҳи аввали соли 2022  хабар дод, ки кормандонаш дар фурудгоҳи “Гагарин”и шаҳри Саратов  аз аввали соли ҷорӣ беш аз 1800 бағочи мусофиронро тафтиш карда, дар 65 маврид аз талоши ба қаламрави вилояти Саратов ворид кардани маҳсулоти мамнӯъ пешгирӣ кардаанд.

 “Аз бағочи дастии мусофирон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 110 кило маҳсулоти таҳти карантин (ғӯлинги донадору бедона, писта, бодом, арахис, мавиз, донаки зардолу ва чормағз) мусодира карда шуд.  Ҳамаи ин маҳсулоти мусодирашуда дар ҳаҷми 110,7 кило таҳти назорати мутахассисони Россельхознадзор тибқи қонунгузории Русия нобуд карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ин идора мегӯяд, заминаи ҳуқуқии мусодираи чунин маҳсулот аз мусофирони тоҷик қарори Росселхознадзор аз 16 апрели соли 2012 аст, ки  ба мусофирон ба қаламрави Русия ворид кардани меваву сабзавот аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро манъ мекунад.

Аз 5 марти соли 2019 ба мусофирон аз Ӯзбекистон иҷозат доданд, ки бо худ то 5 кило меваву сабзавот ё хушкмеваю донагӣ биоранд. Вале ба мусофирон аз Тоҷикистон инак қариб 10 сол боз ба Русия бурдани меваву сабзавот, хушкмева ва маҳсулоти донагие, чун пиставу бодому чормағз расман манъ карда шудааст.

Агар бахти мусофирон баландӣ кунаду дар фурудгоҳҳои Русия ба дасти кормандони Росселхознадзор наафтанд,  ин маҳсулотро мегузаронанд, вале агар дар рейд биафтанд, меваву сабзавоти аз Ватан бо худ овардаашон мусодира мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button