ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

МАҚОМОТ АЗ БОҚИР ТАЛАБ КАРДААНД, КИ 6 НАФАР АЗ ТАРАФДОРОНАШРО БИСУПОРАД

Сомонаи мустақили хабарии Pamir Daily News, ки рӯйдодҳои марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон аз Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерони ғайрирасмии ин минтақа талаб кардаанд, то 6 нафар аз тарафдорони худ аз байни сокинони маҳаллаи Бархоруғро, ки барои даст доштан дар як идда ҷиноятҳо, асосан барои таҳқир ва латтукӯби намояндагони давлат таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд,  ба мақомот бисупорад. “Вагарна ниҳодҳои қудратӣ таҳдид кардаанд, ки амалиёти вижа ба роҳ андохта мешавад”, хабар медиҳад  Pamir Daily News.

Нашрия исми ин 6 нафарро низ нашр кардааст:

1.Ақназаров Ақназар Алиназарович, с.т. 1992,
2.Зикилобеков Сино Файзиллобекович, с.т. 1993,

3.Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович, с.т. 1984,
4. Шабонов
Ҷамшед Шокирҷонович, с.т. 1986,
5. Носиралиев Сафарали Шакаралиевич,
с.т. 1973,
6. Шеров Манучер Мисжитович,
с.т. 1986.

Яке аз инҳо сокини кӯчаи Қирғизбек ва бақия аз кӯчаи М.Иҷубованд. Худи Боқир низ дар ҳамин кӯчаи М.Иҷубов зиндагӣ мекунад. Дар умум маҳаллаи Бархоруғ яке аз минтақаҳои асосии зери нуфузи Боқир  дар Хоруғ ба шумор меравад.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, ин рӯйхат аз номи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ироа шудааст ва ҳоло музокирот бо Боқир дар мавриди супурдани ин 6 тан аз тарафдоронаш идома дорад. Нашрия менависад, ки аз номи мақомот ин музокиротро раиси вилояти Бадахшон генерал Алишер Мирзонабот ва вакили парлумон Азиз Гиёзода пеш мебаранд.

Мақомоти расмии вилоят ва ҷумҳурӣ то ҳол ин хабарро рад ё тасдиқ накарданд. Вале сокинони Хоруғ мегӯянд, чанд рӯз боз нигарони шурӯи амалиёти вижа ба зидди Боқир ва тарафдорони ӯянд.

Хабари талаби супурдани 6 сокини Бархоруғ дар ҳолест, ки ахиран додситонии вилояти Бадахшон ахиран хабар дод, ки бар асоси шикояти сардори идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов ба зидди Мамадбоқиров бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомоте, чун “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”; “таҳқири намояндаи ҳокимият”; “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”; ва “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ”  парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.  Додситони вилоят Парвиз Орифзода  гуфт, Маҳмадбоқиров “аз даъвати тафтишот саркашӣ карда, барои бозпурсӣ ҳозир нашуд.”

Лутфулло Наврӯзов иддао дорад, ки Боқир шаби 29 январ ба бинои идораи маориф, ки дар маҳаллаи Бархоруғ ҷойгир шудааст ва Наврӯзов дар қабати чоруми ҳамин бино зиндагӣ дошт, омада, ӯро таҳқиру латтукӯб кардааст ва маҷбур кардааст, ки Бархоруғро тарк кунад.

Боқир инро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим фақат як суҳбати падарона кардам”. Ин лидери ғайрирасмии Бадахшон рӯзи 5 феврал дар муроҷиатномааш навишт, , сабаби пеши Наврӯзов рафтанаш ин буд, ки “муаллимон ва муаллимаҳои зиёде ба назди ман омада, барои маҷбуран гирифтани интервю ва вокуниш нишон додан шикоят карданд. Ман ба пеши ў бо маслихат даромада фахмондам , ки зиёда аз ду моҳ шуд , ки ту кори худро монда , муаллимонро нисбати ман барои додани интервю ва бадном кардани ман равона мекунӣ. Маро ба ҳолам гузор ва ба сиёсат кордор нашав…”

Мамадбоқир Мамадбоқиров, афсари собиқи қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон, 58 сол дошта, яке аз пурнуфузтарин лидерони ғайрирасмии Бадахшон ба шумор меравад. Ӯ дар маҳаллаи Бархоруғ зиндагӣ мекунад ва гуруҳҳои асосии тарафдоронаш низ дар ҳаминҷост. Ҳанӯз то ҳодисаҳои ахир, рӯзи 14 октябри соли 2021 Мамадбоқиров дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Хоруғ боздошт шуда буд, вале тарафдоронаш ба онҷо расида, ӯро халос карданд. Гуфта мешуд, ки дар ҷараёни муноқишаи тарафдорони ӯ бо мақомот як афсари милисаро бо табар захмӣ кардаанд. Вале он вақт тарафдоронаш тавонистанд монеи боздошти Боқир шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button