ВидеоМуҳоҷирон

ДОДГОҲИ РУСИЯ МОДАРИ 6 ФАРЗАНДРО БАРОИ ДУЗДИИ ЧОЧАК ВА “СНИКЕРС” ҶАРИМА БАСТ

Хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Москваи шаҳри Твери Русия аз баррасии як парвандаи ғайриоддии дуздӣ аз мағоза хабар дод. Додгоҳ як зани зодаи Тоҷикистон бо насаби Орифҷонро, ки номи авввалаш оварда нашудааст, бар асоси қисми дуюми моддаи 7.27 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия дар дуздии миқдори хурди молҳо аз ҳипермаркети “Лента” ба маблағи 1452 рублу 52 тин (камтар аз 20 доллар) гунаҳкор шинохт ва 3 ҳазор рубл ҷарима баст.

Ин парванда ба он далели таваҷҷуҳи ҳамаро ба худ ҷалб кард, ки зани гунаҳкор модари 6 фарзанд будааст. Ӯ дар додгоҳ гуноҳи дуздиро ба гардан гирифт ва изҳори пушаймонӣ кард, вале гуфта натавонист, ки чаро  даст ба чунин амал задааст? Додгоҳ низ шароити молиявии ин оиларо таҳқиқ накард, вале аз рӯйхатти молҳои дуздидаи ин зан, аз ҷумла як чочаку се шоколади “Сникерс” бармеояд, ки ӯ ин молҳоро асосан барои кӯдаконаш дуздидааст.

Додгоҳи ноҳияи Москва рӯйхатти молҳои аз ҳипермаркети “Лента”дуздидаи ин зани модари 6 фарзандро низ нашр кардааст:

  1. Ранги мӯй, тамғаи «PALETE», 2 дона, ҳар кадомаш 108 рублу 93 тин, дар умум 217 рублу 86 тин;
  2. шоколади «SNIСKERS», 3 дона,  ҳар кадомаш 20 рублу 77 тин, дар умум 62 рублу 31 тин;
  3. ҳасиби «Рузком», 1 дона, нархаш 101 рублу 12 тин;
  4. заколка барои мӯ «Субастос», 1 дона, нархаш 118 рубл;
  5. заколка барои мӯ «BO PARIS», 1 дона, нархаш 143 рубл;
  6. чочка «LUBBY», 1 дона, нархаш 62 рублу 68 тин;
  7. пистаи қоқ «Лента ЕСО», 1 дона, нархаш 211 рублу 70 тин;
  8. ҳасиби «Царицыно», 1 дона, нархаш 182 рублу 33 тин;
  9. писта «BOTANICA», 1 дона, нархаш 172 рублу 75 тин;
  10. маҷмӯи зарфҳо «HOME CLUB», 1 дона, нархаш 180 рублей 77 тин.

Ҳаҷми умумии зарари ба мағозаи “Лента” расондаи ин зан 1452 рублу 52 тинро ташкил додааст.

Дар майдони шарҳҳои зери ин хабар бисёриҳо як додраси боинсоф аз Канадаро ба ёд овардаанд. Ӯ ҳангоми баррасии як қазияи дуздии нон аз мағоза баёноти мӯсафеди гунаҳкорро бо диққат гӯш кард. Мӯсафед гуфт, барои он даст ба дуздии нон зад, ки сахт гурусна буду дилаш нон мехост, вале пулашро надошт, ки бихарад. Додрас мӯсафедро гунаҳкор шинохт, вале аз ҷавобгарӣ озод кард ва баракс тамошобинони ин мурофиаро маҳкум кард, ки бояд ҳар кадом мувофиқи зӯррасаш ба ин мӯсафед миқдоре пул хайр кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button