ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ФУРАИ РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ОРЕНБУРГ ЧАППА ШУД

Як фураи таҳти идораи ронандаи тоҷик дар ҳудуди вилояти Оренбурги Русия чаппа шудааст. Кормандони пулиси ҳавзаи шаҳри Сол-Илетск ба кумаки ронандаи тоҷик расида, притсепи фураи ӯро, ки дар даруни тӯдаи барф чаппа шуда буд, дубора  “ба пойҳояш рост кардаанд”. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Оренбург хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, ба қисми навбатдории пулиси ҳавзаи Сол –Илетск хабар расид, ки шабона дар километри 73-юми роҳи Қазон – Оренбург – Оқбулоқ – марзи Қазоқистон як фура бо притсепаш аз роҳ берун шудааст ва ронанда ба кумак ниёз дорад. Кормандони ДПС билофосила ба ҷои ҳодиса  раҳсипор шуда, маълум карданд, ки ронандаи ин мошин – сокини Тоҷикистон аз шаҳри Нефтекамск ба самти Қазоқистон ҳаракат дошт, вале дар роҳи пурбарф аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист ва дар натиҷа, мошин аз роҳ берун шуд ва притсепаш ба болои барф чаппа шуд.

Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса мошинҳои махсусро даъват карда, бо кумаки онҳо притсепро дубора “ба пойҳояш рост карда”, фураро ба роҳи мошингард баровардаанд.

Дар натиҷаи кумаки кормандони пулис, мошини боркаш аз асорати барф халос карда шуд. Ронандаи мошин ва шарики ӯ ба кормандони пулис ва хадамоти нигоҳубини роҳ барои кумаки фаврӣ ва он ҳам дар поси шаб изҳори сипос карда, ба роҳи худ идома додаанд.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Оренбург

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button