ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ТАҶҲИЗОТИ СОХТМОНӢ АЗ ШИРКАТИ “КӮЛОҲҲОИ ТОҶИК”

Се сокини 26, 23 ва 22-солаи Ҳисор ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 28 январ вориди минтақаи мамнӯъгоҳ шуда, аз онҷо ба маблағи 118 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти сохтмониро дуздидаанд. Дар ин бора ба милитсия ҶДММ “Кӯлоҳҳои Тоҷик” шикоят кардааст.

ххххххххххххххххххх

Ду сокини 36 ва 24-солаи Душанбе ба он гумонбар мешаванд, ки моҳи ноябр аз якосини 26-солаи пойтахт мошини тамғаи “Тойота-Кемри” ва 120 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки то 5  декабр бармегардонанд, вале мошинро фурӯхта, пулашро барои худ сарф кардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 5 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Содир гардидани қаллобӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос

i 1

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 36 ва ҷавони 24-солаи сокинони пойтахт бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 20-уми ноябри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” ва 120 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки то 5-уми декабри соли 2021 ба пуррагӣ маблағашро пардохт мекунанд, аммо номбурдагон автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Дуздӣ аз ҷониби ҷавонон

i

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор мактуби ҶДММ “Кӯлоҳҳои Тоҷик” ворид гардид, ки 28-уми январи соли 2022, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба минтақаи мамнуъгоҳ, воқеъ дар шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо таҷҳизоти сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 118 ҳазору 91 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 26, 23 ва 22-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button