ВидеоМуҳоҷирон

МУОВИНИ РАИСИ ДУМА БА БЛОГЕРИ ТОҶИКЕ, КИ ПАСПОРТИ РУСИЯРО ДАРРОНД: БА ВАТАНИ ХУДАТ БАРГАРД! (ВИДЕО)

Муовини раиси Думаи давлатии Русия Борис Чернишов ба блогери тоҷик Миҳрон Ҳакимов, ки паспорти Русияро дар як видеояш дарронд, пешниҳод кард, ки ба Ватани худаш баргардад.

Чернишов дар Телеграм навишт: “Боз як блогер дар сабқати ба даст овардани лайки бисёр ақлашро хӯрдааст. Даррондани паспорти Русия – ин як амали хеле….  беақлона аст. Агар ӯ дар қаламрави ҳуқуқиву фарҳангии мо будан намехоҳад, бигзор ба ватанаш баргардад. Мебинем, ки онҷо чӣ гуна рафтор хоҳад кард. Хароб кардани рамзҳои давлати мо ба касе иҷозат дода намешвад. Чунин амалҳо зуҳури  сирф миллатгароии маишист”.

Чернишов дар роҳбарии Дума аз Ҳизби либерал –демократи Владимир Жириновский намояндагӣ мекунад. Ин ҳизб бо шиорҳои зидди муҳоҷиронаш ном баровардааст.

Ёдовар мешавем, блогери 22-солаи зодаи Тоҷикистон Миҳрон Ҳакимов  рӯзи 2 феврал алакай як рӯз баъди дар шабакаи TikTok нашр кардани видеои даррондани паспорти Русия дар як видеои дигар аз мардуми Русия барои ин кораш узр пурсид. Видеои даррондани паспорт рӯзи 1 феврал дар саҳифаи ин блогер дар TikTok нашр шуд, вале ин сабт билофосила баъди ба он ва муаллифаш таваҷҷуҳ нишон додани мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия пок карда шуд.

Миҳрон Ҳакимов ҳангоми узрхоҳиаш гуфт, ин шиносномаи як дӯсти вай буд, ки муҳлаташ алакай тамом шуда буд ва дӯсташ аз вай хостааст, шиносномаро бидарронад, то ягон кас натавонад онро истифода барад. Ҷараёни даррондани ҳуҷҷатро онҳо ба навор гирифта, видеояшро дар маҳзари ом дар TikTok гузоштаанд. Ҳакимов дар видеои наваш гуфт: “Мехоҳам аз тамоми мардуми Русия барои хатоҳои содиршуда самимона узр бипурсам.”

Маълум нест, ки ӯ барои ин кораш боздошт шудааст ё на? Барои қасдан даррондан ё нобуд кардани шиносномаи Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи ҳамагӣ аз 100 то 300 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Вале Миҳрон Ҳакимовро барои беэҳтиромӣ ба рамзҳои Русия метавонанд аз он кишвар умрбод ихроҷ ҳам кунанд. Ҳатто агар ӯ алакай шаҳрвандии Русия ҳам дошта бошад.

Соли гузашта як ҳаҷвнигор аз Беларусро барои шӯхии ноҷояш нисбат ба мардуми рус умрбод аз Русия пеш карданд. Ҳамин тавр, як сокини Қирғизистон ҳатто ба Русия норафта, барои ҳамлааш ба як духтари рус дар Бишкек низ умрбод аз ҳаққи убури қаламрави Русия маҳрум карда шуд.

Рафтори Миҳрон Ҳакимовро бисёре аз корбарони тоҷик низ маҳкум карданд. Ба бовари онҳо, ин блогер кулли як миллион муҳоҷири тоҷикро дар Русия зери зарба қарор дод, чунки чунин амалҳо ба муносибати чӣ мардум ва чӣ мақомоти Русия нисбат ба тоҷикҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button