ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲУШДОР: 6 ВА 7 ФЕВРАЛ ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН БАШИДДАТ САРД ШУДА, БАРФ МЕБОРАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба самъи сокинон ва меҳмонони кишвар расонд, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои 6 ва 7 феврали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво ба шиддат сард шуда,  интизор меравад, ҳарорати ҳаво дар водиҳот аз 8 то 10 дараҷа сардтар шавад. Ҳавоишиносон аз ҷумла боридагни барф ва дар бархе манотиқи кӯҳистон барфрезии шадид ва бо суръати баланди аз 17 то 22 метр дар як сония вазидани шамолро пебишнӣ мекунанд.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  ва дар  бархе қитъаҳои роҳҳои мошингарди “Душанбе –  Варзоб – Айнӣ –  Хуҷанд –  Чаноқ”, “Ваҳдат – Рашт –  Тоҷикобод –  Лахш”, “Душанбе – Сангвор”, “Шоҳин – Дарвоз”, “Ванҷ – Хоруғ”, “Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб”, “Хоруғ – Ҷилондӣ” хатари зиёди яхбандӣ  ва фаромадани тармаю сангрезӣ дар назар дошта шудааст.

Дар натиҷаи барфрезӣ ва шамол ба дарахтону ноқилҳо часпидани барф ва дар  роҳҳои кӯҳистон ҷамъ шудани барфтӯдаву яхбандӣ пешбинӣ мешавад, – гуфта мешавад дар ихтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ар аз аҳолӣ хостааст, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар ба манотиқи осебпазир ва минтақаҳои хатарнок, инчунин аз корҳои саҳроӣ,  ҷамъоварии ҳезум, рафтан ба чарогоҳ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд. Аз сокинон ҳамчунин хоста мешавад, ки зимни истифодаи дастгоҳҳои гармидиҳанда қоидаҳои зидди сӯхторро риоя карда,  кӯдакони худро зери назорат бигиранд. Кумита бахусус аз аҳолии деҳот ва кӯҳистон риояи бидуни чуну чарои қоидаҳои бехатариро дар ин шаб рӯзҳои сардӣ тақозо кардааст.

Кумита ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки дар шароити бориши барфу яхбандӣ нақлиётро бо воситаҳои барои чунин шароит зарурӣ таъмин намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва масофаи байни мошинҳоро қатъан риоя кунанд ва ҳатто фосилаи нисбат ба рӯзҳои маъмулӣ зиёдтарро нигоҳ бидоранд. Аз ронандагон ҳамчунин хостаанд, ки ҳангоми гузаштан аз маконҳои пурмошину пуриздиҳом, аз назди мактабҳо ва дар ағбаҳо аз эҳтиёти тамом кор бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button