ВидеоКоронавирусХабарҳои кӯтоҳ

ҲАМАГӢ 4 ҲОЛАТИ НАВИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шумораи беморони коронавирус дар кишвар батадриҷ коҳиш ёфта истодааст. Ин вазорат шоми 3 феврал хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар ҳамагӣ 4 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави навъи COVID-19  сабт шуда, дар айни замон 7  нафари қаблан ба ин вирус гирифторшуда аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Аз 21 январ ба ин тараф вазорати тандурустӣ дар умум 240 ҳолати ба коронавирус гирифтор шудани шаҳрвандонро тасдиқ кардааст. Бо вуҷуди аз маризон пур шудани беморхонаҳо ва таъйиди коронавирус дар бадани даҳҳо нафар аз сӯи озмоишгоҳҳои хусусӣ, вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 20 ноябр то 21 январ, тайи беш аз ду моҳ ба ин тараф ошкор шудани ягон ҳолати нави коронавирусро дар кишвар эътироф намекард.

Ба ҳисоби вазорати тандурустӣ, шумораи расмии гирифторшудагон ба ин вирус аз оғози пандемия то шоми 3 феврал дар Тоҷикистон, ба 17 ҳазору 335 нафар расида, аз ин шумор то имрӯз 17 ҳазору 175 нафар шифо ёфтаанд ва 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд. Ба ин тартиб, то шоми 3 феврал 36 нафари гирифтори коронавирус дар шароити хона ё бемористон таҳти табобат қарор доштаанд. Дар аввали ҳафта шумораи беморон ҳудуди 80 нафар гуфта мешуд.

Вале бисёриҳо бар инанд, ки шумори воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмиест, ки вазорати тандурустӣ эътироф мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон ваксинаро як роҳи аз ҳама муассир ва илман собитшудаи ҷилавгирӣ аз густариши бемории коронавирус мешуморанд. Тоҷикистон то имрӯз тавассути барномаи КОВАКС, ки тақсими одилонаи ваксинаҳои зидди коронавирусро дар байни кишварҳои дорою нодор ба ҳадаф дорад, ба сурати ройгон беш аз 12 миллион вояи ваксина ба даст овардааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон сокинонро ба  гирифтани вояи сеюми ваксина ташвиқ карда истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button