ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР МАҲАЛЛАИ 34 ВА БОЗДОШТИ 3 ПЕШСУДШУДА БАРОИ ДУЗДӢ

Ду сокини 33 ва 21-солаи шаҳри Хуҷанд ба он гумонбар мешаванд, ки субҳи 2 феврал, тахминан соати 05:00, дар ҳолати мастӣ дар маҳаллаи 34-ум як марди 25-солаи сокини Хуҷандро латтукӯб карда, бо роҳи зӯрӣ 4 ҳазор сомонӣ пули ӯро кашида гирифтаанд.

хххххххххххххх

Сокини 37-солаи қаблан ҳам судшудаи ноҳияи Спитамен ба он гумонбар мешавад, ки шоми 17 январ, тахминан соати 19:05, дар ҳолати мастӣ аз назди мағозаи «Файз» як дучархаро дуздидааст. Ду сокини қаблан судшудаи ноҳияҳои Ҷайҳун ва Дӯстӣ ба он гумонбар мешаванд, ки моҳи сентябр аз оғили як зани сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ говашро дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 4 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ғоратгарӣ дар ҳолати мастӣ

057

Аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд нисбати мардони 33 ва 21-солаи сокинони шаҳри мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ оғоз карда шудааст.
Номбурдагон 2-юми феврали 2022, тахминан соати 05:00, дар маҳаллаи 34-уми ҳамин шаҳр бо марди 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дар ҳолати мастӣ вохӯрда, бо истифодаи зӯроварӣ ӯро лату кӯб карда, аз ҷайбаш 4 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дуздӣ аз ҷониби шахсони пешсудшуда

032

Аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Спитамен нисбати марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаҳои 274 қисми 5, 388 қисми 1 ва 32 қисми 2, 244 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳрии Тоҷикистон, оғоз карда шудааст.
Номбурда, 17-уми январи соли 2022, тахминан соати 19:05-дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо роҳи пинҳонӣ аз назди мағозаи «Файз»-и ҳамин ноҳия 1-адад дучархаро, ки ба марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 879 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бо ариза ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ зани 54-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи сентябри соли 2021 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 36-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button