ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

БОЗПУРСИИ 6 ЗАНИ СОКИНИ ДЕҲАИ ХУМГАРОН БАЪДИ НАШРИ НОМААШОН БА ПРЕЗИДЕНТ (ВИДЕО+АКС)

Сокинони деҳаи Хумгарони ҷамоати Косатароши шаҳри Панҷакент ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки баъди нашри номаи дастаҷамъонаи сокинони ин деҳа ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 3 феврал, тақрибан соати 12,  6 нафар аз занони сокини ин деҳаро, ки зери он нома имзо гузошта буданд, ба ШВКД Панҷакент бурда, то шом бозпурсӣ кардаанд. Дар натиҷа аҳволи яке аз ин занҳо – Қаҳҳорова Фирӯза  – бад шудааст ва ӯро аз милисахона рост ба бемористон бурдаанд. Ба гуфтаи сокинон, ба ин занҳо дар ШВКД “фаҳмондаанд”, ки дигар ба зидди бунёди полоишгоҳи нави корхонаи тиллошӯии “Зарафшон” дар мавзеи Сойи Ёрон, дар канори деҳаи Хумгарон эътироз накунанд.

Дар номаи худ ба президент сокинон аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой “Зарафшон” ин полоишгоҳи нав ва инак чорумашро дар фосилаи ҳамагӣ 400 метр аз хонаҳои сокинони Хумгарон сохта истодааст ва азбаски се полоишгоҳи қаблии алакай пуршудаи он корхона дар канори Хумгарон ҳама саршор аз заҳри қаттоли тсианид аст, сокинон дар ташвишанд, ки вазъи саломатии онҳову фарзандонашон баъди бунёди боз як чунин полоишгоҳ боз ҳам бадтар хоҳад шуд. Онҳо дар номаашон аз президент хостанд, ки бигзор маъмурияти корхонаи “Зарафшон” аввал онҳоро ба ягон макони бехафв кӯчонад ва сипас ба бунёди полоишгоҳи наваш сар кунад.

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, рӯзи 3 феврал кормандони милитсия ин 6 занро барои бозпурсӣ бурдаанд:

  1. Муҳаммадиева Маҳтоб (таваллуд 01 09 1962),

2. Қаҳҳорова Фирӯза (15. 02. 1966)

3. Ҳамзаева Рисолат (01. 06. 1976)

4. Тағоева Афсуна (23 02. 1989)

5. Маҳҷабини Одил (08. 12. 1991)

6. Аминова Узро (21. 05.1992).

Мақомоти ШВКД ва шаҳрдории Панҷакент ин хабарро шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод”, дар паси ин мавҷи нави фишор болои сокинони Хумгарон шахсан худи раиси Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода истодааст. Бино ба иттилои сокинон, рӯзи 2 феврал, як рӯз қабл аз бозпурсии 6 зан, Холиқзода дар бинои маъмурияти корхонаи “Зарафшон” бо коргароне, ки аз деҳаи Хумгаронанд, мулоқот карда, гуфтааст, ки агар ин эътирозу норозигии сокинони деҳа бас нашавад, ҳамаи коргароне, ки аз ин деҳа дар корхонаи тилло кор мекунанд, аз кор ҷавоб дода хоҳанд шуд. Ин хабарро манобеи расмӣ тасдиқ ё рад накардаанд.

Корхонаи тиллои “Зарафшон” маъдани тиллоро дар коргоҳҳояш бо заҳри тсианид об карда, тиллоро ҷудо мекунад ва қисмати нодаркори маъданро сипас дар дамба ё ҳавзҳое, ки ҳар кадомаш дар масоҳати чанд гектар доман густурдааст, мепартоянд. Сокинони Хумгарон мегӯянд, тайи 25 сол алакай се ҳавзи ин корхона дар атрофи Хумгарон пур шудааст ва ҳоло дар пайи сохтани ҳавзи чорум будаанд.

Корхонаи “Зарафшон”, ки аксари саҳмияҳояш дар дасти як ширкати Хитой аст, бузургтарин корхонаи саноати истихроҷи тилло дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Сокинони Хумгарон мегӯянд, ки онҳо аз ин корхона фақат заҳр мечашанд, вале масъулони он дар ин ҳама 25 соли фаъолияташон барои рушду ободии ин деҳа кумаке накардаанд ва барои таъсири манфии ҳавзҳои пур аз тсианидашон низ ҷуброне ба сокинон пардохт намекунанд.

Яке аз се полоишгоҳи пуршуда дар канори Хумгарон
Яке аз се полоишгоҳи пуршуда дар канори Хумгарон
Мавзеи Сойи Ёрон. Полоишгоҳи чорумро мехоҳанд дар инҷо бисозанд

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button