ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ МОДАРИ БЛОГЕР АБДУРАҲМОН09

Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф бо тахаллуси “Абдураҳмон09”, як блогери тоҷики муқими Олмон, ки дар видеоҳояш аз ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон интиқод мекунад, рӯзи 4 феврал ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки рӯзи 3 феврал модараш Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон(маъруф ба “шуъбаи шашум”) дар шаҳри Ваҳдат даъват кардаанд ва ӯ то ҳол ба хона барнагаштааст.

“Чанд ҳафта пеш телефони модарамро барои тафтиши мукотибаҳояш бо ман гирифта буданд. Рӯзи 2 феврал занг зада гуфтааст, ки фардо омада, телефонатонро гиред. Модарам рӯзи 3 феврал барои гирифтани телефонаш рафт ва бо ҳамин то имрӯз аз ӯ хатту хабаре нест”, – нақл кард Абдураҳмон09.

Ӯ афзуд, ки хешовандонашон барои ба даст овардани ягон маълумот ба шуъбаи шашуми шаҳри Ваҳдат рафтаанд, вале касеро пайдо накардаанд, ки дар бораи куҷо будани модараш хабар диҳад. Рӯзи 3 феврал ба падари Абдураҳмон09 дар шуъбаи шашум гуфтаанд, ки ҳамсараш инҷо нест.

Мақомот хабари боздошти Шоҳида Маҳмадҷоноваро то ҳол шарҳ надодаанд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, санаи таваллудаш 15 апрели соли 1977, ки дар бемористони шаҳри Ваҳдат ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ кор мекард, дар аввали моҳи январи соли 2020 аз кор ронда шуд. Масъулони бемористон он вақт гуфтанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова ариза навишта, “бо хоҳиши худаш” аз кор рафтааст. Вале худи ӯ гуфт, қабл аз барканорӣ чанд дафъа барои бозпурсӣ ба шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуд ва сардухтури бемористон низ рӯирост барояш гуфтааст, ки  бо хоҳиши худаш ариза нависад. “Бачаатон муқобили ҳукумат гап задааст. Чунин қонун аст, ки дар корхонаи давлатӣ кор кардани шумо мумкин нест. Ягон ҷои кори дигар ёбед”, – гуфтааст сардухтур ба модари блогер.

Абдураҳмон09 дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, моҳи гузашта писари амакаш ва шавҳари хоҳарашро ҳам бурда, барои фаъолиятҳои ӯ бозпурсӣ кардаанд. Ба гуфтаи блогер, аз ҷумла домодашонро мазаммат кардаанд, ки чаро бо хоини давлат хешутаборӣ кардӣ?

Ӯ мегӯяд, ҳамин тавр, модарашро пайваста ба мақомот даъват карда, талаб мекарданд, ки ба писараш фишор орад ва ӯро аз  идомаи танқиди ҳукумат манъ карда, ба Тоҷикистон баргардонад.

Таъқиби хешовандони фаъолони оппозитсия ва дигарандешон мавзӯест, ки мақомоти Тоҷикистон барои он пайваста аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ танқид мешунаванд. Вале мақомот ҷой доштани кадом маъракаи ҳисобшудаи таъқиби хешу табораи мунтақидони ҳукуматро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо дар Тоҷикистон озодона кору зиндагӣ доранд.

Абдураҳмон09 25 сол дошта, аз соли 2016 дар Олмон зиндагӣ мекунад ва дар як донишгоҳи хусусӣ дар шаҳри Дюсселдорф ихтисоси барномасозӣ ва таҳияи сомонаҳои интернетиро меомӯхт. Ӯ бо видеоҳояш дар мавзӯи манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон маъруфият пайдо кард. Абдураҳмон09  дар видеоҳои худ асосан суҳбатҳояш бо мақомоти гуногуни ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла бо навбатдори “Телефони боварӣ”-и ВКД, як намояндаи КДАМ, намояндаи Кумитаи дин ва ҳатто бо намояндаи Дастгоҳи президент ва ҳамин тавр, бо блогерҳои дигари тоҷикро пиромуни масъалаи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистонро нашр мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button