ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶомеа

БЛОГЕР АМИРАН САРДАРОВ АЗ НАБЕРАИ ИСЛОМ КАРИМОВ ҶУДО ШУД (ВИДЕО)

Моҳи майи соли 2021 блогери шинохтаи Русия, муаллифи силсилаи видеоҳои пуртамошобини “Дневник Хача” Амиран Сардаров (Сардоров) бо набераи президенти якуми Ӯзбекистон Марям Тиллоева издивоҷ карда буд. Тӯйи онҳо дар Лос-Анҷелес доир шуд ва онҳо як муддат онҷо зиндагӣ карда, баъдан ба Маскав кӯчиданд, чунки Сардаров хост, ки ба Русия баргардад.

Амиран мегуфт, ки ӯву Марям бо волидони ҳамсараш ягон тамос надоранд. Чунин ба назар мерасид, ки Лола Каримова-Тиллоева ва шавҳари ӯ Темур Тиллоев аз интихоби кардаи духтарашон чандон хушу розӣ нестанд.

Издивоҷи Амиран ва Марям ҳамагӣ 8 моҳ тӯл кашид. Алакай баъди бозгашташон ба Маскав ин ҷуфт нашри аксҳои муштаракро бас карда, ҳар кадом алоҳида ба сафар мерафтанд. Марям, барои мисол, чанд дафъа ба Тошканд сафар карда, вале бидуни шавҳараш.

Рӯзи 4 феврал Амиран Сардаров дар Инстаграм хабар дод, ки ӯву Марям аз якдигар ҷудо шуданд. Ӯ ба Марям барои лаҳзаҳои хуше, ки доштанд, изҳори сипос кард.

“Ману Маша ҷудо шудем. Мутаассифона, чунин ҳолат ҳам рух медиҳад. Ту оқилу пур аз нирӯ ва дилгармӣ. Самимона орзуят мекунам, ки чунин бимонӣ! Ҳеҷ гоҳ ғам нахӯр ва ҳамеша ташаббускор бош. Боварӣ дорам, ки рхзҳои беҳтарини ту дар пешанд. Ту ҳатман бахти худро хоҳӣ ёфт. Сипас ба ту барои он ҳама даврони зебо “, – навиштааст Сардаров.

Ӯ сабаби ҷудо шуданашонро нагуфтааст, вале як сабаб метавонад муносибати оилаи Марям ба издивоҷи онҳо бошад. Тавре гуфтем, Амиран ва Марям баъди издивоҷашон бо падару модари Марям ягон хел тамос надоштанд.

Марям Тиллова низ ба Амиран посух дода, навиштааст, ки ӯ ҳам барои рӯзҳои хубе, ки бо ҳам доштанд, ба Амиран изҳори сипос мекунад.

Марям Тиллоева  аз синни 14 дар Амрико зиндагӣ мекунад. Ӯ духтари духтари хурдии Ислом Каримов Лола Каримова-Тиллоева  мебошад. Дар даврони ҳукумати падараш Лола Каримова-Тиллоева   намояндаи Ӯзбекистон дар ЮНЕСКО буд ва шавҳараш Темур Тиллоев тавассути ширкати бузурги “Сахӣ” назорати як силсила тиҷоратҳои бузурги пурфоидаро дар он кишвар, аз ҷумла бузургтарини бозори Тошкандро дар даст дошт. Баъди фавти Каримов дар соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев Лола Каримова-Тиллоева  аз мақоми намоянда дар ЮНЕСКО рафт ва шавҳараш низ бисёре аз тиҷоратҳои худро дар Ӯзбекистон аз даст дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button