ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶАСАДИ СОКИНИ ЧОРБОҒРО АЗ КАНАЛ ПАЙДО КАРДААНД

Шаби 2 феврал, соати 02:46 навбатдори  корхонаи «Обу корези шаҳри Душанбе» ба навбатдори фаврии Раёсати  душанбегии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар канали деревиатсионии воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷасади шахсияташ номаълум, ҷавони ба тахмин 25-30-сола намудор шудааст.

Наҷотбахшони кумита  ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 03:20, ҷасадро аз канал берун овардаанд ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки низ даъват шуда буданд, супориданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, баъдан маълум шуд, ки ғарқшуда як сокини 30-солаи деҳаи Оқули ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб будааст.

Сабаби дар об ғарқ шудани ӯ маълум нест.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиши қазияро оғоз карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button