ВидеоМуҳоҷирон

ИШТИРОКИ ЗАРИНА НОМ ЗАН АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР ҒОРАТИ ЯКУНИМ МИЛЛИОН РУБЛ АЗ ЯК БОНК ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ (ВИДЕО)

Пулиси Русия бо изи гарм ҳарду гумонбари ҳамлаи ғоратгарона ба шуъбаи Бонки бозсозӣ ва рушди Урал (УБРиР) дар шаҳри Екатеринбургро муайян ва дастгир кард. Ин ҳамла рӯзи шанбе, 29 январ сурат гирифт ва гумонбаршавандаҳоро алакай ду рӯз баъд дастгир кардаанд. Ибтидо гумон мерафт, ки бонкро ду марди ниқобпӯш ғорат кардаанд, вале маълум шуд, ки яке аз ғоратгарон Зарина ном зани зодаи Тоҷикистон будааст.

Бино ба хабарҳо, рӯзи 29 январ, ки рӯзи истироҳат буд, дар Екатеринбург ду ниқобпӯш ба шуъбаи Бонки бозсозӣ ва рушди Урал ҳамла оварда, бо ашёи монанд ба силоҳ ба хазинадорони бонк таҳдид кардаанд ва ба маблағи якуним миллион рубл (ҳудуди 20 ҳазор доллар)-ро ба яғмо бурданд.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми чоруми моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия  бо иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.

Ирина Волк, сухангӯи ВКД Русия гуфт: “Алакай баъди ду рӯз кормандони пулис шахсияти гумонбаршавандаҳоро муайян ва онҳоро дастгир кардаанд. Онҳо як зан ва як марди сокини шаҳри Первоуралск буда, ҳарду қаблан ҳам чанд бор суд шудаанд. Ҳарду ба гуноҳи худ эътироф карданд. Дар ҷараёни кофтуков як қисми пулҳои ғоратшударо ёфта, мусодира карданд. Ҳамчунин ду пистолети пневматикиро пайдо карданд. Бовар меравад, ки ҳамин силоҳҳо ҳангоми ҳамла ба бонк истифода шудаанд.”

Ҳарду гумонбаршавандаро ба ҳабс гирифтаанд ва тафтиш идома дорад.

Зарина ва шарики ҷиноятии ӯ дар видеое, ки ВКД Русия нашр кард, баёнот медиҳанд, ки ба сабаби мушкилоти молиявӣ даст ба ин амали роҳзанӣ зада, бонкро ғорат кардаанд.

Дар бораи Зарина маълумоти аз ин бештар дода нашудааст. Тавре ба назар мерасад, Зарина аз  он рустаборҳои зодаи Тоҷикистон аст, ки баъдан ба Русия кӯчидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button