ВидеоЧеҳраҳоҶомеа

ҲАМАГӢ ДУ РӮЗ БАЪДИ ҶАШНИ 60-СОЛАГӢ: ДАРГУЗАШТИ ЖУРНАЛИСТИ “АЗИЯ ПЛЮС” БАҲРОМ ФАЙЗУЛЛОЕВ

Рӯзи 2-юми феврал Баҳром Файзуллоев, рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар вилояти Суғд дар синни 60 аз олам чашм пӯшид. Ӯ ҳамагӣ ду рӯз пеш аз маргаш – 31 январ ба синни 60 расид. Вале мутаассифона ин ҷашни охирини зиндагии Баҳром Файзуллоев ба рӯзҳое рост омад, ки ӯ дар бистари беморӣ бо марг мубориза мебурд.

Журналисти шинохта Неъмат Мирсаидов хабар дод, ки маросими видоъ бо Баҳром Файзуллоев рӯзи 3 феврал, вақти намози пешин дар кӯчаи Первомайскаяи шаҳри Бӯстон баргузор мешавад.

Азия-Плюс хабар дод, ки Баҳром муддати зиёда аз як моҳ дар беморхонаи шаҳри Бӯстони вилоят бистарӣ ва ду бор ҷарроҳӣ шуд, лекин беморӣ ӯро аз олам рабуд.

Баҳром Файзуллоев шуъбаи забони арабии риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард, солҳои 80 чандин сол дар Либия ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Баъди бозгашт ба Ватан ӯ ба журналистика пайваст ва чандин сол дар радио, сипас дар хабаргузории “Вароруд” ва тарҳҳои Созмони Милал ва солҳои ахир дар “Азия Плюс” кор мекард.

“Баҳром Файзуллоев рӯзномагори соҳибтаҷриба ва коршиносу мушовир оид ба масоили сарҳадӣ, дӯсти содиқу ҳидоятгари ғамхор буд. Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва аҳли ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!”- навиштааст идораи “Азия Плюс” дар сӯгномааш дар марги ҳамкори худ.

Умед Бобохонов, муассиси “Азия Плюс” ва ҳамсабақи донишгоҳии Баҳром Файзуллоев низ бо  сатрҳои гарму самимие аз ӯ ёд кардааст:

 “Мову ту соли 1978  1979 шинос шудем. То ҳол дар ёдам ҳаст, ки дар синфи 10 мехондему бори аввал бо ту ба дискотека рафтам, ё чӣ тавр мо дар Зимчурӯд ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ тайёрӣ медидем, чӣ тавр бо духтарҳо шинос мешудем. Ту бо духтарзо зуд забон меёфтӣ ва ман кӯшиш мекардам, то ин ҳунарро аз ту ёд бигирам… Ёдам ҳаст, ки чӣ тавр забони арабиро меомӯхтему баъд ҳамчун тарҷумон ба Либия рафтем ва баъди бозгашт журналист шудем. Дар кишвар бозсозӣ мерафт ва мо мехостем дар навсозии кишвар саҳм бигирем.

Ту ба радио ба кор рафтӣ ва ман ба рӯзномаи «Комсомолетс» (“Комсомолетс Таджикистана”). Чандин сол баъд – пас аз кор дар “Вароруд” ва барномаҳои Созмони Милал – ту ба ҳамкорӣ бо “Азия-Плюс” сар кардӣ ва ба кори худ хеле бо масъулият муносибат мекардӣ, барои ҳар мавод аз вилояти Суғд месӯхтӣ.

Бори охир мо ҳамагӣ ду моҳ пеш якдигарро дидем. Ту даррав тамоми корҳоятро партофтӣ ва ба пеши ман ба меҳмонхона омада, ҳама дӯстонамонро ҷамъ овардӣ ва тайи ду рӯз барои ташкили нишаст кумак расондӣ…

Алвидоъ, бародар, ва узр, агар амале нодуруст аз ман гузашта бошад.

Ҷоят Ҷаннат бошад, руҳат шод. Худованд раҳмат кунад туро, дӯстам. Барвақт рафтӣ, сад афсӯс…»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button