ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН ВА ДУ НАВРАС БАРОИ ДУЗДИИ ЛӮЛАҲОИ СИМ ДАР ТУРСУНЗОДА

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2021 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо якчанд адад лӯлаҳои симро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 27-сола, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва 2 ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.