ВидеоТоҷикистон

103 КУШТОР, 6425 ДУЗДӢ, 1102 САДАМА… ОМОРИ РАСМИИ ҶУРМУ ҶИНОЯТ ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 2 феврал дар нишасти хабарии ҷамъбастиаш муҳимитарин нишондиҳандаҳои марбут ба вазъи криминогении кишвар дар соли 2021 дар ҷумҳуриро ироа кард. Ба гуфтаи вазир, соли гузашта дар Тоҷикистон  24 118 ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин назар ба 23 460 ҷинояти соли 2020 сабтшуда 658 ҷиноят бештар аст. Аз ин 24 ҳазор ҷинояти сабтшуда аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 15 563 ҷиноят ошкор карда шудааст. Фоизи кушодашавии ҷиноятҳо бошад 80,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 103, роҳзанӣ – 38, ғоратгарӣ – 138, таҷовуз ба номус – 52, савдои одамон -52, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 150, авбошӣ – 1224, қаллобӣ – 3263, дуздӣ – 6425, ҷиноятҳои иқтисодӣ -3379 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 652 (дар соли 2020 – 566) адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 48 адад автомат, 90 адад таппонча, 133 адад милтиқ ва карабин, 360 адад силоҳҳои суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст. Раҳимзода гуфт, аз ҷумла 364 мил силоҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусодира шудааст. Вале Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон чанде пеш дар як суханрониаш дар маҳаллаи Бархоруғ ин маълумоти мақомотро рад карда, гуфт, агар онҳо ин қадар силоҳ медоштанд, Самарқанду Бухороро мегирифтанд ва роҳи Ворухро ҳам кушода медоданд.


Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 4 сӯиқасд ба амали террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2021 аз тарафи сохторҳои ВКД 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Аз ин, 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд
Дар ҷумҳурӣ соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 4 тоннаю 83 кг воситаҳои гуногуни нашъадор мусодира карда шудааст, ки 50 фоизи он ба мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд. Инчунин, беш аз 991 ҳазор ниҳоли бангдонаи кошташуда дарёфт ва несту нобуд карда шуд, ки миқдори умумии он 1 тоннаву 631 кг-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз тарафи ноболиғон 763 (дар соли 2020 – 754) ва ҷавонон 4759 (2020 – 4913) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бар асари 1102 (дар соли 2020-1109) садамаи нақлиётӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтаанд.
Дар ҷумҳурӣ 1189 (2020-1300) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 10 (дар соли 2020-25) нафар одамон фавтидаанд. Маблағи зарар 70 миллиону 820 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи молу ашёи эмин нигоҳдошташуда 498 миллиону 661 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Рамазон Раҳимзода ҳамчунин хабар дод, ки соли 2021 беш аз 100 нафар аз аъзои созмонҳои мухолифин, аз ҷумла Паймони миллӣ, ҲНИТ ва “Гуруҳи 24”, ҳамчунин 25 узви гуруҳҳои муташаккили ҷиноии Бадахшон аз карда пушаймон шуда, ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар нишасти хабарии ВКД ҳамчунин гуфта шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ 4 кӯшиши ҳамлаи террористӣ, аз ҷумла 2 кӯшиши ҳамла аз ҷониби тарафдорони Паймони миллии Тоҷикистонро пешгирӣ карданд. Паймони миллӣ бо нашри як изҳорот ин иддаоро сохтаву беасос номид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button