ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО МОШИНИ БОРКАШ ДАР ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе хабар дод, ки санаи 1-уми феврали соли 2022, тахминан соати 14:30 дар роҳи мошингарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дар рӯ ба рӯи Маркази барқу гармидиҳии №2 автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», рақамҳои қайди давлатиаш 1615FF01, таҳти идораи шаҳрванд Муминов Рустам Саидович, санаи таваллудаш 14.04.1993, сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ҳангоми ба самти чап гаштан ба автомашинаи тамғаи «MAN», рақамҳои қайди давлатиаш 261ХТ01, таҳти идораи шаҳрванд Ҳасанов Муҳаммадраҷаб Мирзошарифович, соли таваллудаш 05.04.1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст.

 Дар натиҷа ронанда ва ду мусофири «Опел-Зефира», мардони 38-солаи сокини Истаравшан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Қаблан  “Парвиз ТВ” дар каналаш дар Телеграм видеоеро аз ҷои садама нашр карда, хабар дод, ки дар ин ҳодиса дастикам 5 нафар захмӣ шуда, як нафар ҷон бохтааст.

Аммо милитсияи Душанбе гуфт, хушбахтона, касе дар ин садама ҷон набохтааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Милитсияи Душанбе ахиран хабар дод, ки соли 2021 дар кӯчаю роҳҳои пойтахти кишвар  дар 242 садамаи нақлиётӣ 33 нафар ҳалок гардида, 254 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. РВКД Душанбе гуфт, ҳарчанд ин омор дар муқоиса бо минтақаҳои дигари кишвар камтар аст, вале тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбон ва роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо соли 2022 барои мақомоти милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button