ВидеоНуқтаи назарРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

РАИСИ МАОРИФИ БАДАХШОН: БОҚИР МАРО ЗАДУ ПЕШ КАРД! БОҚИР: ИН ТУҲМАТ АСТ! (ВИДЕО)

Лутфулло Наврӯзов, сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар як изҳорот, ки тавассути ТВ “Бадахшон” нашр шуд, иддао кардааст, ки гӯё Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии вилоят ӯро дар манзили зисташ латтукӯб ва таҳқир карда, маҷбур кардааст, ки онҷоро тарк кунад. Аммо Мамадбоқиров инро рад мекунад.

Бино ба нақли Наврӯзов, «шаби 29 -уми январ, соати 8 бегоҳ, ба ҷойи хоби ман, воқеъ дар қабати 4 бинои Раёсати маориф дар шаҳри Хоруғ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров дар ҳолати мастӣ зада даромада, аз ман пурсид, ки аз куҷо мешавӣ?  Дар посух гуфтам, ман тоҷикам, зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ. Баъд ӯ ба ман дарафтод. Ба тамоми муқаддасоти ман, модарам, зану фарзанд, авлод ва нисбати мардуми Ванҷ дашному ҳақорат карда, маро мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор дод».

Бинои раёсати маорифи вилояти Бадахшон дар маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло) ҷойгир шудааст. Мамадбоқиров низ дар ҳамин маҳалла ба сар мебарад ва Бархоруғро як минтақаи асосии таҳти нуфузи ин раҳбари ғайрирасмии Бадахшон мешуморанд.

Вале Мамадбоқир Мамадбоқиров иддаои раиси маорифи вилоятро рад карда, дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, “танҳо дар оғоз, замоне ки Наврӯзов нав сардори маорифи вилоят таъин шуда буд ва дар телевизион дар як суханронияш моро террорист ном бурд, рафта бо ӯ вохӯрда ва ӯро хуш омадед кардаму гуфтам, ки ба ин корҳо ҳамроҳ нашавад.”

“Ман, ба Худо, раиси маорифи вилоятро лату кӯб накардаам. Ин кай будааст, ки ман лату кӯб карда бошам. Не, ба Худо қасам, дурӯғ, ин туҳмат аст. Ман ӯро дигар бо чашмонам надидаам ва хабар надорам. Ин ҳама туҳмат аст, сафсата аст. Ҳозир ҳама аз болои ман ман қисса мебофанду туҳмат мекунанд. Вай ванҷӣ аст, ванҷиҳо бародарони мананд, ман ба рӯйи ванҷиҳо ҳеч гоҳе даст намебардорам”, – афзудааст Мамадбоқир.

Аммо Наврӯзов дар муроҷиати видеоияш мегӯяд, азбаски дар шаҳри Хоруғ “қонуни ҷангал” ҳукмфармост, ӯ ҳоло тарафдори пешниҳоди аз Бадахшон ҷудо кардану ва ба Кӯлоб ё Ғарм ҳамроҳ кардани ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз шудааст. Қаблан ин пешниҳод аз забони ду вакил аз ин ду ноҳияи воқеъ дар ғарби Бадахшон садо дода буд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров яке аз пурнуфузтарин лидерони ғайрирасмии ин вилоят ба шумор меравад. Ӯ дар маҳаллаи Бархоруғ зиндагӣ мекунад ва гуруҳҳои асосии тарафдоронаш низ дар ҳаминҷост. Ҳанӯз то ҳодисаҳои ахир, рӯзи 14 октябри соли 2021 Мамадбоқиров дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Хоруғ боздошт шуда буд, вале тарафдоронаш ба онҷо расида, ӯро халос карданд. Гуфта мешуд, ки дар ҷараёни муноқишаи тарафдорони ӯ бо мақомот як афсари милисаро бо табар захмӣ кардаанд. Вале он вақт тарафдоронаш тавонистанд монеи боздошти Боқир шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button