ИСТИРДОДИ АЛОВАТШОЕВ АЗ РУСИЯ РАСМАН ТАСДИҚ ШУД

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 2 феврал дар нишасти матбуотиаш аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудани Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро тасдиқ кард. Прокурори генералӣ гуфт, ки ба зидди Аловатшоев ҳанӯз соли 2018 парвандаи ҷиноятӣ боз гардида буд ва ӯ дар Русия дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Додситони кулл дар ин бора маълумоти аз ин бештар надод ва ошкор накард, ки Аловатшоев мушаххасан бар асоси кадом моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор карда мешавад?
Ба дунбол, Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон низ дар нишасти хабариаш инро тасдиқ кард ва гуфт, “Амриддин Аловатшоев аз Русия баргашт ва мо ӯро дастгир кардем.” Ӯ ҳам дар ин бора ҷузъиёт надод.
Юсуф Раҳмон ва Рамазон Раҳимзода нахустин мақомҳои расмии Тоҷикистонанд, ки истирдоди Аловатшоевро тасдиқ кард. То кунун мақомот ба Душанбе овардани ӯро рад мекарданд, вале манобеи гуногун мегуфтанд, ки мақомоти Русия ӯро рӯзи 11 январ дар вилояти Белгород, дар марз бо Украина дастгир карда, алакай рӯзи 12 январ ба Душанбе фиристодаанд.
Ахиран журналист Рустами Ҷонӣ, ки масоили Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки Амриддин Аловатшоев дар як бинои УБОП дар маҳаллаи Мирзобек дар канораи шарқии Душанбе дар ҳабс қарор дорад ва ҳафтаи гузашта амакаш тавонистааст, ки ӯро дар боздоштгоҳ бубинад. “Дар ҳабсхонаи мақомоти тоҷик будани Амриддин Аловатшоев тасдиқ шуд. Чор рӯз пеш амакаш бо ӯ дидор кардааст. Ӯ дар бинои марбут ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-и Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии маҳаллаи Мирзобеки шаҳри Душанбе зиндонист. Ҳанӯз адвокат надорад ва ақрабояш намедонанд гуноҳи ӯ чист. Мақомот низ нагуфтаанд аз рӯи кадом моддаҳои қонун Амриддинро боздошт кардаанд”, хабар дод Рустами Ҷонӣ. Бино ба иттилои ӯ, мақомоти Русия Амриддин Аловатшоевро аз 2-уми майи соли 2020 бо дархости ҷониби Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. ВКД Тоҷикистон ба далели бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаҳои 181, қисми 3 (гаравгонгирӣ) ва 189, қисми 3 (барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ) Аловатшоевро айбдор карда, боздошт ва истирдоди ӯро аз Русия талаб кардаанд. Рустами Ҷонӣ навишт, ки ба Аловатшоев бар асоси ин ду банди қонун дар маҷмӯъ то 24 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мақомоти ВКД Тоҷикистон то ҳол истирдоди ин лидери ғайрирасмии Бадахшонро рад карда, исрор меварзиданд, ки Аловатшоев дар дасти ин ниҳод нест. Аммо ВКД қаблан аз Русия оварда шудани Иззат Амон ва Чоршанбе Чоршанбиевро ҳам рад карда буд, вале баъдан маълум шуд, ки онҳо алакай дар Душанбе дар паси панҷара қарор доранд.
Амриддин Аловатшоев 21-уми декабри соли 1977 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба дунё омада, ду фарзанд дорад. Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.
Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд. Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.
Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд. Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 10 январ дар як ҷаласа дар Хоруғ Аловатшоевро “саркардаи гуруҳи ҷиноӣ” ном бурда, ба он айбдор карданд, ки зодагони ин вилоятро дар Русия ба зидди ҳукумат мешӯронад.
Аммо Рустами Ҷонӣ менависад, Аловатшоев “яке аз чеҳраҳои бонуфузи ҷавонони тоҷик дар Русия буда, Амриддинро ҳамчу ҳимоятгари ҳаққи муҳоҷирони корӣ дар Русия мешинохтанд, ҳазорҳо нафар бо кумаки ӯ аз чанголи авбошону фиребгарон раҳидаанд.”

