ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН САФИРИ ИН КИШВАР ДАР ДУШАНБЕРО БАРКАНОР КАРД

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) рӯзи  2 феврал бо фармони худ сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбековро аз вазифа озод кард. Дар бораи инки кӣ ба ҷои Рустенбеков сафири нави Бишкек дар Душанбе мешавад, иттилое дода нашудааст.

Жаниш Рустенбеков аз декабри солои 2018 сафири Қирғизистон дар Душанбе  буд. Ӯ қаблан аз соли 2007 то 2011 сафир дар Қазоқистон ва аз соли2014 то 2018 сафир дар Туркманистон буд ва чандин сол ба ҳайси вазири ҳолатҳои фавқулодда, котиби давлатӣ ва ҳокими вилояти Ӯш кор кардааст.

Дар поёни соли 2021 кумитаи Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон ба Рустенбеков изҳори нобоварӣ кард ва гуфт, ки ӯ дар амри ҳимоят аз манфиатҳои кишвар ва шаҳрвандони Қирғизистон дар Тоҷикистон саъйу талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад.

Муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир даврони пуртанишеро паси мар мекунанд. Дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даргириҳои мусаллаҳонае рӯй дод, ки 55 кушта ва 240 захмӣ ба ҷо гузошт. Аксари кушташудаҳову захмиҳо аз тарафи Қирғизистон буд.

Шаби 27 январи соли 2020 дар марзи ду кишвар муноқишаи наве рух дод, ки дар ҷараёни он ду сокини Тоҷикистон кушта ва аз ду тараф беш аз 20 нафари дигар захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button