Нуқтаи назарҶомеа

ЧӢ ДУНЁЕ: ДӮСТОНИ МУРДАИ ЗИНДА ВА ДӮСТОНИ ЗИНДА, ВАЛЕ МУРДА

Абдулфайз Атоӣ, собиқадори журналистика ва дипломатияи тоҷик, дар саҳифааш дар Фейсбук ёддоштҳои ҷолиберо дар бораи дӯстоне, ки аз дори дунё рафтаанд, вале бо аъмоли хайри худ дар ёди ӯ ҳамчунон зиндаанд, ёдоварӣ карда, ҳамчунон  ба ном дӯстонеро ба ёд меорад, ки ба сурат зиндаанд, вале ба назари муаллиф мурда. Абдулфайз Атоӣ менависад, ҳеҷ дилаш намеравад, рақамҳои он дӯстони хуби фавтидаашро аз рӯйхатти рақамҳои телефонаш кӯр кунад, вале рақами он дӯсти ба сурат зиндаву дар асл мурдаашро, ки баъди ба мақому давлат расидан аз ҳама фосила гирифтааст, бидуни ягон дудилагӣ аз телефонаш пок кардааст.

Матлаби устоди Абдулфайз Атоӣро ин ҷо бароятон пурра пешкаш мекунем:

Абдулфайз Атоӣ

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

ЧӢ ДУНЁЕ?…

Рақамҳои гузашта сабткардаи телефонамро аз назар гузаронидам.

То онҳое ки зарурат нест ,,удалить” кунам;

Дӯсти ҳунарманду меҳрубонам Бозорали Иброҳимов рӯзу шаб якҷо будем.

-Чӣ сӯҳбатҳое доштем.

Бо мошини ,,Нива”-и кӯҳнааш ман дар хориҷа будам, меравад хонаи мо деҳа хабаргирии модари беморам. Кампир дар омади гап мегӯяд, ки оби чашмаи зодгоҳам Мазори ҳазрати Султон аз Ховалинг бошад, ҳалқамро тар кунам…

Бозорали кампирро ғанаб бурдан замон аз ноҳияи Восеъ мехезаду бо ҳамон мошинаш модар бехабар сӯи мазори Ҳазрати Султон дар гарми рӯз роҳ пеш мегирад.

Ва аз 200 километр бо термосҳои калони худаш харида барои модарам,- модараш оби чашмаи зодгоҳашро миёрад…

-Ва кампир аввал ҳоли Бозорали азизашро аз ман мепурсиду баъд мани писари худро…

Мо то поси шаб дар хона нишаста сӯҳбат мекардему ҳини хайрухӯш Бозорали мегуфт;

– Маълим (ӯ маро бо навозиш маълим,-яъне муаллим садо мекард) дарвозаро маҳкам накун яке боз меоям…

Аз даргузашти дӯстам Бозорали дар як тасодуф қариб даҳ сол гузашт…

Ҷояш ҷаннат бошад, гӯё порае аз қалбамро бо худ бурд…

-Чӣ гуна телефони ӯро ,,удалить” кунам?

-То ҳастам ӯ бошад…

Телефонам рӯзи истироҳат занг мезад.

Султон Қувватов дӯсти студентиам.

Баъдтар одами намоёни кишвар, раиси Кумитаи андози Ҷумҳурӣ бо овози омиронааш мегӯяд;

-Куҷоӣ?..

-Нестам, – мегӯям, шӯхиомезона…

-Ҳар куҷо ҳастӣ, ба хоната биё, обед ҳамунҷо..

Телефонро мемонад…

Дар даҳҳо ҷой ҳама мунтазири раиси налоги Ҷумҳурӣ вале ӯ бояд ,,пиёвахӯрӣ” хонаи мо биёяд. Шӯхӣ ҳам намекунад. Меояд.

Ва боре гуфт;

– Аз бачаҳо киро бо худ хонаат ,,обед” биёрам?..

Ман гуфтам, Султон агар маро пурсӣ худат зиётии…

Чунон хандид ва баъд бо инсонҳое ба гуфти худаш омад, ки дидану сӯҳбаташон роҳати ҷон буд.

Султон ҳам дунёро тарк кард.

Гӯё, кадом бозуямро бо худ бурд. Достони сӯзонест, ёди рӯзгори ин марди сар то по номӯс…

-Не, телефони ӯ,- рамзи дӯсти содиқу сар то по меҳру муҳаббатро ,,удалить” карда наметавонам…

Боре тӯи писарам буд.

Худро ҳеҷ бахшида наметавонам. Ё, сархӯшӣ буд. Хайр, ноодамгарӣ буд, ба ҳар ҳол…

Дӯстам Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, собиқ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурӣ Ҷамшед Исмоиловро хафа кардам. Ва ӯ мисле ки баромада рафт.

Хостам берун баромада дар танҳоӣ гиря кунам, аз кардаам…

Аз дохили тӯйхона овози ширине чун садои Ҷамшед меомад. Толор даромадам. Ба чашмонам бовар намекардам. Ӯ Ҷамшед бо садои ширинаш тӯй маро меларзонд.

Ва бо лаҳни ширинаш дар байни суруд, ки касе нафаҳмид бо табассуми зебандааш ишора ба ман гуфт;

– ,,Соз шудӣ, девона”…

Ва гӯё, тӯй ман бароям нав сар шуда буд…

Мегӯянд ,,биҳишт барои мардуми бе кина аст”…

Телефони дӯсти биҳиштиям,- рақами савобест. Бигузор то зиндаам, рамзи ӯ, – гули сари сабади мардум Ҷамшед Исмоил бо ман бошад…

Онҳо дар қалби ману мардум ҷовидони ҳастанд…

-Нафақахӯрам ду рӯз боз барои масъалаи ночизе ба ,,дӯсти чилсолае” занг мезанам.

Гудок мераваду намегирад.

Бо ҳамсӯҳбате гуфтам;

-Мешиносам, хафа нашав, ака инҳо ҳозир бисёр бой шудаги.

Телефони ҳар касро намегиранд…

Ва худаш ба ҳамон рақам занг зад.

Зиндаи барои ман мурда дарҳол ҷавоб дод.

Ин бародар гап назада, телефонашро хомӯш кард…

Шеъри шоир ёдам омад;

Дар ҷаҳон ҳарчанд гаштам, як дили бедард нест,

Лек дарде бадтар аз мӯҳтоҷии номард нест…

-Ҳамин дунё,- вақте буд, ки ба кабинети ман бо сабаби ,,дӯст” будан бенавбат медаромад…

Ман ҳам, телефони шахсӣ мурдагӣ чӣ лозим гуфта ,,удалиташ” кардам.

Ё, нодуруст кардам?!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button