ДУЗДИИ 5 САР ЧОРВОИ КАЛОН ДАР КӮШОНИЁН ВА ТЕЛЕФОНИ МОБИЛ ДАР ҲИСОР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти як сокини 27-солаи ноҳияи Кӯшониён бо иттиҳоми дуздии 5 сар чорво аз оғилхонаи як сокини ин ноҳия ва боздошти як ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони дуздии телефони мобил аз як мағоза хабар дод.
Аз ҷумла ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 29 ба 30-юми январи соли 2022, тахминан соати 01:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили оғилхонааш 5 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 17 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 27-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза ҷавони 19-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми августи соли 2021, тахминан соати 10:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хусусиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-5”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.