ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

БА ЗИДДИ БОҚИР БО ИТТИҲОМИ ЗӮРОВАРӢ НИСБАТ БА НАМОЯНДАИ ДАВЛАТ ПАРВАНДА КУШОДААНД (ВИДЕО)

Додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Парвиз Орифзода рӯзи 2 феврал дар як гузориши 9-дақиқаӣ дар ТВ “Бадахшон” эълон кард, ки дар пайи шикояти сардори Идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов ба зидди Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон бар асоси чанд банди Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомоте, чун:

“истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”;

“таҳқири намояндаи ҳокимият”;

“вайрон кардани дахлнопазирии мардум”;

“барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ”

 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.  Орифзода гуфт, ҳодиса рӯзи 29-уми январи имсол рӯй додааст, вале Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров “аз даъвати мақомоти тафтишот саркашӣ карда, барои бозпурсӣ ҳозир нашуд.”

Лутфулло Наврӯзов рӯзи 31 январ дар як муроҷиати видеоӣ, ки низ дар ТВ “Бадахшон” нашр шуд, гуфт, ки гӯё Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии вилоят ӯро дар манзили зисташ латтукӯб ва таҳқир карда, маҷбур кардааст, ки онҷоро тарк кунад. “Ман маҷбур шудам, ки аз бино ва аз маҳаллаи Хоруғи Боло баромада равам,” — гуфта буд ӯ. Маҳмадбоқиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаои сардори Идораи морифро рад кард ва гуфт, бо ӯ танҳо як “сӯҳбати падарона” анҷом дод, вале “муаллимро назадааст”.

Мақомоти Бадахшон мегӯянд, ҳодисаро видеокамераи  назоратии дар бинои Идораи маориф насбшуда сабт кардааст. Бинои раёсати маорифи вилояти Бадахшон дар маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло) ҷойгир шудааст. Мамадбоқиров низ дар ҳамин маҳалла ба сар мебарад ва Бархоруғро як минтақаи асосии таҳти нуфузи ин раҳбари ғайрирасмии Бадахшон мешуморанд.

Дар навори телевизиони Бадахшон лаҳзаи латукӯб шудани як нафар аз тарафи марде намоиш дода шуд, вале тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил ғайриимкон аст. Лутфулло Наврӯзов, сардори Идораи маорифи Бадахшон, иддао дорад, ки “ин ҳамон ҳолати латукӯб аст”.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров рӯзи 1-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои Лутфулло Наврӯзовро рад кард ва гуфт: “Ман ӯро назадам. Бо вай як сӯҳбати падарона кардам. Маҳалгароӣ ҳам набуд. Муаллим бояд дурӯғ нагӯяд. Вай дар навор дурӯғ мегӯяд, маро бадном кард. Гуё ман террорист ҳастам. Не. Ман омӯзгоронро эҳтиром мекунам.”

Аммо бино ба нақли Лутфулло Наврӯзов, «шаби 29 -уми январ, соати 8 бегоҳ, ба ҷойи хоби ман, воқеъ дар қабати 4 бинои Раёсати маориф дар шаҳри Хоруғ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров дар ҳолати мастӣ зада даромада, аз ман пурсид, ки аз куҷо мешавӣ?  Дар посух гуфтам, ман тоҷикам, зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ. Баъд ӯ ба ман дарафтод. Ба тамоми муқаддасоти ман, модарам, зану фарзанд, авлод ва нисбати мардуми Ванҷ дашному ҳақорат карда, маро мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор дод».

Мамадбоқир Мамадбоқиров иддаои раиси маорифи вилоятро рад карда, дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс”  низ гуфт, “танҳо дар оғоз, замоне ки Наврӯзов нав сардори маорифи вилоят таъин шуда буд ва дар телевизион дар як суханронияш моро террорист ном бурд, рафта бо ӯ вохӯрда ва ӯро хуш омадед кардаму гуфтам, ки ба ин корҳо ҳамроҳ нашавад.”

“Ман, ба Худо, раиси маорифи вилоятро лату кӯб накардаам. Ин кай будааст, ки ман лату кӯб карда бошам. Не, ба Худо қасам, дурӯғ, ин туҳмат аст. Ман ӯро дигар бо чашмонам надидаам ва хабар надорам. Ин ҳама туҳмат аст, сафсата аст. Ҳозир ҳама аз болои ман ман қисса мебофанду туҳмат мекунанд. Вай ванҷӣ аст, ванҷиҳо бародарони мананд, ман ба рӯйи ванҷиҳо ҳеч гоҳе даст намебардорам”, – афзудааст Мамадбоқир.

Аммо Наврӯзов дар муроҷиатномааш мегӯяд, азбаски дар шаҳри Хоруғ “қонуни ҷангал” ҳукмфармост, ӯ ҳоло тарафдори пешниҳоди аз Бадахшон ҷудо кардану ва ба Кӯлоб ё Ғарм ҳамроҳ кардани ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз шудааст. Қаблан ин пешниҳод аз забони ду вакил аз ин ду ноҳияи воқеъ дар ғарби Бадахшон садо дода буд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, афсари собиқи қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон, яке аз пурнуфузтарин лидерони ғайрирасмии Бадахшон ба шумор меравад. Ӯ дар маҳаллаи Бархоруғ зиндагӣ мекунад ва гуруҳҳои асосии тарафдоронаш низ дар ҳаминҷост. Ҳанӯз то ҳодисаҳои ахир, рӯзи 14 октябри соли 2021 Мамадбоқиров дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Хоруғ боздошт шуда буд, вале тарафдоронаш ба онҷо расида, ӯро халос карданд. Гуфта мешуд, ки дар ҷараёни муноқишаи тарафдорони ӯ бо мақомот як афсари милисаро бо табар захмӣ кардаанд. Вале он вақт тарафдоронаш тавонистанд монеи боздошти Боқир шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button