ВидеоСиёсатЧеҳраҳо

СОБИҚ №2. МУҲАММАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ БА СИННИ МУБОРАКИ 70 РАСИД!

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси собиқи шаҳри Душанбе ва аз шахсиятҳои дар гузашта хеле пурнуфуз дар арсаи сиёсии Тоҷикистон рӯзи 1 феврал  ба синни мубораки 70 расид. Убайдуллоев аз соли 2000 то 2020, дар тӯли 20 сол ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ расман раҳбари дуюми Тоҷикистон буд. Вале инак ду сол боз ӯ дигар аз арсаи сиёсӣ канор рафта, ба нафақа баромадааст ва дигар,  ба қавли маъруф, давраи пирӣ меронад.

Наберааш Меҳроб бобояшро бо як клипу тарона табрик кард ва Амирҷони Убайдуллоҳ, писари хурдии ӯ дар рӯзи ҷашни падараш навишт: “Падарҷони беназири мо, Иллоҳим, ҳар яқ қатраи арақи ҷабини баданатон, ки барои тарбияи мо фарзандонатон рехтааст, дар ҶАННАТУЛ ФИРДАВС ба ДАРЁҲО мубаддал гардад.

КАМОЛОТИ 70-СОЛАГИАТОН МУБОРАК БОД. ҶОВИДОНА ДАР АМОНИ БЕГАЗАНДИ ОФАРИДГОР БОШЕД!!!”

Маҳз Убайдуллоев буд, ки соли 2000 дар пайи як сӯиқасд ба ҷонаш  “боевик”ҳои азхудрафтаи ҳарду тарафи ҷанги шаҳрвандиро лаҷом зад ва алови чашмашонро гирифт. Ин яке аз рӯйдодҳоест, ки дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун корномаи мусбати Убайдуллоев сабт шудааст.

Ӯро ба шеваи шадид ва ҳатто “сталинӣ”и роҳбарӣ ва бунёди ба истилоҳ “капитализми давлатӣ” дар пойтахт айбдор мекарданд. Кор кардан бо Убайдуллоев осон набуд, кас метавонист чандин бор сактаи қалб шавад, иқрор мекунанд онҳое ки бо шаҳрдори собиқи Душанбе кор кардаанд.

Журналистон аз танқиди Эмомалӣ Раҳмон дида, аз танқиди Убайдуллоев бештар ибо мекарданд.

Аммо аз тарафи дигар ӯ бо лаҳни тундаш мансабдоронро маҷбур мекард, ки кам кам барои мардум ҳам кор кунанд. Дар сохторҳои шаҳрдорӣ ба онҳое, ки назари мухолиф доштанд, имкони кор кардан ва худро нишон додан медод.

Солҳои зиёде Убайдуллоев аз нуфузи фавқулоддаи, ҳатто метавон гуфт, ҳамвазн бо президент Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор буд ва аз ангуштшумор нафароне буд, ки ба тасмимгириҳо ва рафтори президент низ эрод гирифта метавонист. Нуфузаш бахусус дар даҳаи аввали солҳои 2000ум ба ҳадде боло рафта буд, ки тарафдоронаш ӯро президенти ояндаи Тоҷикистон баъди Эмомалӣ Раҳмон мешумурданд ва ҳатто мегуфтанд, ки “Убайдуллоев ҳарчанд ҳанӯз якум нест, вале алакай дуюм ҳам нест.”

Вале сар аз поёни даҳаи аввали асри 21 дар арсаи сиёсии Тоҷикистон самту сӯ иваз шуд ва ҷои ёрони аз солҳои 90 мондаи Эмомалӣ Раҳмонро хешовандони ӯ танг кардан гирифтанд. Ин раванд дар ниҳоят ба он овард, ки нуфузи Убайдуллоев низ батадриҷ камранг шудан гирифт ва ӯ ҳарчанд чандин соли дигар мақоми расмии раҳбари №2-ро ҳифз кард, дигар аз лиҳози нуфузу таъсир ба тасмимгириҳо №2 набуд. Ниҳояти ин раванд он шуд, ки Убайдуллоев аввал мақоми шаҳдори Душанбе ва сипас раёсати Маҷлиси миллиро ба писари калонии президент супурду канор рафт.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 1 феврали соли 1952 дар рустои Кирови ноҳияи Фархор ба дунё омада, аз камшумор намояндагони ҳукуматаст, ки дар аҳди Шӯравӣ берун аз Тоҷикистон мактаби олӣ хондаааст. Убайдуллоев соли 1974 донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина ва соли 1985 мактаби олии ҳизби коммунистро дар шаҳри Тошканд хатм кардааст.
Баъди чанд соли кор дар ниҳодҳои вилояти Кӯлоб, Убайдуллоев ду сол – солҳои 1985-1986 – вақте ҳамагӣ 33 сол дошт, муовини раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон шуд, вале сипас боз ба Кӯлоб баргашт ва то соли 1990 раиси Кумитаи омори ин вилоят ва сипас муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд.
Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар поёни соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд доир шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, Муҳаммадсаид Убайдуллоев муовини сарвазир ва масъули вазоратхонаҳои қудратӣ таъин шуд. Ӯ он вақт мисли Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ 40 сол дошт.
Соли 1994 Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба мақоми муовини якуми сарвазир расид, вале соли 1996, дар пайи нахустин исёни нирӯҳои сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев бо талаби ошӯбгарон, ки дар ағбаи Фахробод сангар гирифта, таҳдиди ҳамла ба Душанберо доштанд, Убайдуллоевро аз мақом барканор карданд.
Аммо ҳамагӣ баъди чанд моҳ ӯ ба ҷои Юрий Поносов шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Убайдуллоев ҳамчунин баъди таъсиси маҷлиси болоии парлумон дар апрели соли 2000 раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва то соли 2020 ин дувумин мақом дар сохтори давлатдории Тоҷикистонро дар даст дошт.
Рӯзи 12 январи соли 2017 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сурати барои аксар ғайриинтизор Муҳаммадсаид Убайдуллоевро бо тамоми муовинонаш аз раҳбарии ҳукумати Душанбе барканор кард ва писари калониаш Рустами Эмомалиро ба ҷои ӯ овард. Ҳамин тавр, моҳи апрели соли 2020 Убайдуллоев охирин мақоми расмиаш – раёсати Маҷлиси миллиро ҳам ба Рустами Эмомалӣ супурд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 3 фарзанд – ду писар ва як духтар – дорад.
Писари калониаш – Ҷамолиддин Убайдуллоҳ 42 сол дошта, 13 январи соли 2018 сафири Тоҷикистон дар Фаронса таъйин шуд. Ӯ то таъйин шуданаш ба ин мақом раҳбари раёсати созмонҳои хориҷӣ ва аз он қабл сардори раёсати консулии  вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.
Писари дуюми ӯ Амирҷон Убайдуллоҳ 40 сол дошта, баъди чанд соли кор дар мақоми намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул аз Вошингтон дар соли 2013 ба Душанбе баргашт ва чанд сол дар раёсати молияии дастгоҳи президент кор карда, моҳи январи соли 2019 мушовири аршади ёрдамчии президент дар масоили иқтисодӣ таъйин шуд.
Духтари шаҳрдори Душанбе Нигина Убайдуллоева 32 сол дорад.

Иқтибосе чанд аз суханрониҳои Муҳаммадсаид Убайдуллоев:


– Даркор шавад, аз мансаб меравам, аммо имону виҷдони худро намефурӯшам.
– Шиори асосии ман:”Аввал Худо, баьд қонун!”.
– Биёед ошкор гӯем, рақамҳое, ки дар ҳисоботатон медиҳед, воқеӣ нестанд. Бадбахтии мо дар дуруғгӯист.
– Ҳангоми сафари хидматиам ба Аврупо таи 12-15 соат Қуръон хондам. Ана роҳат!
– Президентро на ман Президент кардам, на шумо. Ӯро Худованд Президент кардааст.
– Мо танҳо барои интихобот не, бояд доимӣ мисле кор кунем, ки ҳар рӯз интихобот дорем.
– Ба Худо қасам, ба писари амакам аз ҳисоби шаҳр хона надодам. Худораҳматӣ дар хонаи иҷора сафари охират кард.
– Ман қавл додам, ки пас аз 63 солагӣ гапи сахту дурушт намегӯям. Имрӯз дидед? Убайдуллоев худро контрол карда метавонад!
– Биёед имсолро соли мубориза бо дуруғгӯӣ эьлон кунем.
– Роҳи муборизаи ман бо душманонам як аст- кори масъулиятнок!
– Идеал барои мову Шумо Худованд ва Ҳазрати Муҳаммад (с в) аст.
– Шояд мепурсед, ки раиси шаҳр чаро ба нафақа намеравад? Зеро, тибқи қонунгузорӣ ин салоҳияти роҳбари давлат аст, ки маълум намояд: кӣ ба нафақа равад, кӣ не!
– Тафаккури “Ман роҳбар!”- ро бояд бо фаҳмиши “Ман дар хидмати халқам” иваз намуд.
– Синфи 8 мехондам. Ҳамсояамон барои куштани мурғ даьватам намуд. Натавонистам. Аз ҳамон вақт ҳис кардам, ки куштан кори ман нест.
– Ҳаромхӯриро бас кунед! Ман бо чашмони худ дидам, ки одамон бо чӣ азобҳо ҷон медоданд. Оқибати коратонро фикр кунед…
– Ман дар хонаам на сантехник мекобам, на электрик. Зеро худам ин ҳунарҳоро дорам.
– Ягон бор дидаву шунидаед, ки ман ягон тӯйи хонаводагиамро бодабдабаву аз талаботи қонун берун карда бошам? Аммо овозаи тӯйҳои бархе мансабдорони сатҳи паст ба мо ҳам мерасад.
– Ман аз ҳисоби маоши худам маблағ ҷамъ меоварам, то ба Ҳаҷ равам, ё Худованд рӯзе амонаташро гирифт, аз пули ҳалоли меҳнатиам масраф кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button