ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ КОМПЮТЕР АЗ УТОҚИ МУҲОСИБИ ШИРКАТИ “УЛҶАБОЙ”

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ мактуб аз номи роҳбарияти ҶСШК «Улҷабой» ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2021 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз утоқи кории муҳосиб 1-адад компютерро бо тамоми таҷҳизоташ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо гумони даст доштан дар ин дуздӣ кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро дастгир кардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 1 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани маблағи калон

032

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Варзоб марди 39 солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи сентябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ маблағи 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағ ба ӯ як қитъаи замини истироҳатгоҳро ҷудо карда, медиҳад. Аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ҷавони 18-сола бо ҷурми дуздӣ (3)

044

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ мактуб аз номи роҳбарияти ҶСШК «Улҷабой» ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2021 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз утоқи кории муҳосиб 1-адад компютерро бо тамоми таҷҳизоташ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Эълон! Нишасти матбуотӣ дар ВКД

1486

Рӯзи 2-юми феврали соли 2022, соати 11:00, дар Вазорати корҳои дохилӣ Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2021 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор мегардад.
Намояндагони Васоити ахбори оммаро лутфан ба Нишасти матбуотӣ даъват менамоем.
Хоҳишмандон метавонанд саволҳои худро тавассути «Хабарнигори фаврӣ»-и ВКД бо рақами (+992) 939 222 111, тариқи Вайбер, Вотсап, ИМО ва почтаҳои электронӣ: somona@vkd.tjvkd.tj@mail.ru ирсол намоянд.
Телефон барои тамос: 222-35-58

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button