ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ДУ СОКИНИ ХАТЛОНРО БАРОИ БАРГУЗОРИИ ТӮЙ ВА МАРОСИМИ ЧИЛ ҶАЗО ДОДАНД

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ду сокини вилояти Хатлонро барои вайрон кардани қонуни танзим ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд. Сокини ноҳияи Ҷомӣ Фарҳоди Шукуруллои Муқим ба он гунаҳкор дониста шуд, ки рӯзи 13 ноябр дар тӯйи бародараш бар хилофи қонун ба меҳмонон ду таом: ош  ва шӯрбо дода, ба ҷои се соат маъракаашро 40 дақиқа пештар аз вақти таъйиншуда шурӯъ кардааст. Ҳамин тавр, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Алишер Қурбонов ба он айбдор дониста шуд, ки рӯзи 22 ноябр бар хилофи қонуни танзим маросими чили падари марҳумашро бо дахвати беш аз 100 нафар ва бо додани таом баргузор кардааст.

Қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 дар Тоҷикистон қабул карда шуд, аз ҷумла қонунҳои баҳсбарангез дар ин кишвар ба шумор меравад. Мақомот исрор меварзанд, ки қонуни танзим имкон дод, ки аҳолӣ хароҷоти беҳударо барои маъракаҳои тӯю худоӣ кам карда, пасандози худро барои корҳои муҳимтаре, чун сохтани хона, таъмини пули таҳсили фарзандон сарф кунанд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонуни танзим барои дасти дарози дахолати давлат дар ҳарими ҳаёти  хусусии мардум шароит фароҳам меорад ва бархе бандҳои он, ба мисли манъи даъвати дӯстон ба ҷашни зодрӯз дар замони муосир аз як тараф, хандаовар менамоянд ва аз тарафи дигар, нақзи рӯирости ҳуқуқи инсонии сокинон ба шумор меравад.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Додситонии кул, шаҳрванд Фарҳоди Шукуруллои Муқим, сокини ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро риоя накардааст.

    Чунончӣ, Фарҳоди Ш.М. санаи 13 ноябри соли 2021 оши тӯйи бародараш Муқимов Д.Ш.-ро мебоист тибқи тавсияномаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и ноҳияи А.Ҷомӣ, аз соати 10-00 то 13-00 дақиқа бо додани оши тӯй баргузор намояд. Вале, ӯ бархилофи талаботи моддаҳои 10 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, оши тӯйи бародарашро бо додани ду таом аз ҷумла, ош ва шӯрбо бо вайрон намудани мӯҳлат аз соати 09.20 дақиқа баргузор намудааст.

  “Ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ қонунвайронкунии мазкур ошкор карда шуд. Нисбати Фарҳоди Ш.М. санаи 13 ноябри соли 2021 аз тарафи прокурори вилояти Хатлон, бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.     Бо қарори суди ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, аз 2 декабри соли 2021 шаҳрванд Фарҳоди Ш.М. бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда, баробар ба 6000 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кул.

Ҳамин тавр, шаҳрванд Қурбонов Алишер Тӯрахонович, сокини ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон, талаботи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро риоя накардааст.

    Чунончӣ, Қурбонов А.Т. санаи 22 ноябри соли 2021 бархилофи талаботҳои моддаҳои 4, 5 ва қисми 2-и моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал карда, дар манзили истиқоматиаш маросими чили марҳум падараш Қурбонов Тӯрахонро бидуни гирифтани тавсиянома аз мақомоти ваколатдори давлатӣ бо даъвати зиёда аз 100 нафар дӯстону хешовандон ва ҳамсоягонаш бо додани таъом баргузор намудааст.

 Нисбати Қурбонов А.Т. санаи 22 ноябри соли 2021 аз тарафи прокурори вилояти Хатлон, бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд. Бо қарори суди ноҳияи Ҳамадонӣ аз 6 декабри соли 2021 шаҳрванд Қурбонов А.Т. бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳандаЮ, баробар ба 6000 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шуд.     

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button