ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

САБТИ БОЗ 11 ҲОЛАТИ НАВИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 30 январ хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 11 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави навъи COVID-19  сабт шудаааст. Дар бораи аз ин вирус шифо ёфтани касе дар давоми рӯзи 30 январ гузориш нашудааст. Ба ин тартиб, дар 10 рӯзи охир, аз 21 январ ба ин тараф вазорати тандурустӣ дар умум 213 ҳолати ба коронавирус гирифтор шудани шаҳрвандонро тасдиқ кардааст. Бо вуҷуди аз маризон пур шудани беморхонаҳо ва таъйиди коронавирус дар бадани даҳҳо нафар аз сӯи озмоишгоҳҳои хусусӣ, табибон инро “хуруҷи мавсимии грипп” меномиданд ва  вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 20 ноябр то 21 январ, тайи беш аз ду моҳ ба ин тараф ошкор шудани ягон ҳолати нави коронавирусро дар кишвар эътироф намекард.

Ба ҳисоби вазорати тандурустӣ, шумораи расмии гирифторшудагон ба ин вирус аз оғози пандемия то шоми 30 январ дар Тоҷикистон, ба 17 ҳазору 308 нафар расида, аз ин шумор то имрӯз 17 ҳазору 96 нафар шифо ёфтаанд ва 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд. Ба ин тартиб, то шоми 30 январ 88 нафари гирифтори коронавирус дар шароити хона ё бемористон таҳти табобат қарор доштаанд.

Вале бисёриҳо бар инанд, ки шумори воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмиест, ки вазорати тандурустӣ эътироф мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон ваксинаро як роҳи аз ҳама муассир ва илман собитшудаи ҷилавгирӣ аз густариши бемории коронавирус мешуморанд. Тоҷикистон то имрӯз тавассути барномаи КОВАКС, ки тақсими одилонаи ваксинаҳои зидди коронавирусро дар байни кишварҳои дорою нодор ба ҳадаф дорад, ба сурати ройгон ҳудуди 12 миллион вояи ваксина ба даст овардааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон сокинонро ба  гирифтани вояи сеюми ваксина ташвиқ карда истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button