ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

РУСТАМИ ҶОНӢ: АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ ДАР БИНОИ УБОП ДАР МАҲАЛЛАИ МИРЗОБЕК ДАР ҲАБС ҚАРОР ДОРАД

Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, ки аз рӯзи 11 январ дар Русия беномунишон нопадид шуд, дар Душанбе дар дасти УБОП дар ҳабс қарор дорад ва ҳафтаи гузашта амакаш тавонистааст, ки ӯро дар боздоштгоҳ бубинад. Дар  ин бора журналист Рустами Ҷонӣ, ки масоили Бадахшонро пайгирӣ мекунад, дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод.

“Дар ҳабсхонаи мақомоти тоҷик будани Амриддин Аловатшоев тасдиқ шуд. Чор рӯз пеш амакаш бо ӯ дидор кардааст. Ӯ дар бинои марбут ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-и Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии маҳаллаи Мирзобеки шаҳри Душанбе зиндонист.

Ҳанӯз адвокат надорад ва ақрабояш намедонанд гуноҳи ӯ чист. Мақомот низ нагуфтаанд аз рӯи кадом моддаҳои қонун Амриддинро боздошт кардаанд”, хабар додааст Рустами Ҷонӣ.

Ӯ бо такя ба маълумоти вазорати умури дохилаи Русия меафзояд, ки мақомоти Русия Амриддин Аловатшоевро аз 2-уми майи соли 2020  бо дархости ҷониби Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. ВКД Тоҷикистон ба далели бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаҳои 181, қисми 3 (гаравгонгирӣ) ва 189, қисми 3 (барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ) Аловатшоевро айбдор карда, боздошт ва истирдоди ӯро аз Русия талаб кардаанд.

Рустами Ҷонӣ навишт, ки ба Аловатшоев бар асоси ин ду банди қонун дар маҷмӯъ то 24 соли зиндон таҳдид мекунад.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=2100318426816543&id=1245103712338023

Хабари дар Душанбе ва мушаххасан дар боздоштгоҳи УБОП дар маҳаллаи Мирзобек дар канораҳои шарқии пойтахт қарор доштани Амриддин Аловатшоевро мақомоти ВКД ҳанӯз шарҳ надодаанд. Мақомоти ин вазорат то ҳол истирдоди ин лидери ғайрирасмии Бадахшонро рад карда, исрор меварзиданд, ки Аловатшоев дар дасти ин ниҳод нест. Аммо ВКД қаблан аз Русия оварда шудани Иззат Амон ва Чоршанбе Чоршанбиевро ҳам рад карда буд, вале баъд маълум шуд, ки онҳо алакай дар Душанбе дар паси панҷара қарор доранд.

Амриддин Аловатшоев 21-уми декабри соли 1977 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ  ба дунё омада, ду фарзанд дорад.  Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд. Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 10 январ дар як ҷаласа дар Хоруғ Аловатшоевро “саркардаи гуруҳи ҷиноӣ” ном бурда, ба он айбдор карданд, ки зодагони ин вилоятро дар Русия ба зидди ҳукумат мешӯронад.

Аммо Рустами Ҷонӣ менависад, Аловатшоев “яке аз чеҳраҳои бонуфузи ҷавонони тоҷик дар Русия буда, Амриддинро ҳамчу ҳимоятгари ҳаққи муҳоҷирони корӣ дар Русия мешинохтанд, ҳазорҳо нафар бо кумаки ӯ аз чанголи авбошону фиребгарон раҳидаанд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button