Илму фанноварӣТаърихФарҳанг

НАШРИ АКСҲО АЗ МАҲАЛЛАИ САДАМАИ МАРГОВАРИ ОЛИМИ ҶАВОН ФАРҲОД РАЗЗОҚОВ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз маҳалли садамаи марговари рӯзи 30 январ дар роҳи Айнӣ – Панҷакент, ки дар он олими ҷавони бостоншинос Фарҳод Раззоқов ба ҳалокат расид, ду аксро нашр кардааст. Бино ба иттилои ин ниҳод, як мошини “Мерседес” дар километри 78-уми роҳи роҳи Айнӣ – Панҷакент ба ҷарии 300 метр чаппа шудааст. Дар акс дида мешавад, ки мошин ба дарёи Зарафшон афтодааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ҳанӯз то омадани наҷотбахшон мардум ҷасади ронандаро аз дохили мошин берун кашидаанд ва сипас бо кумаки наҷотбахшон, ҷасадро аз лаби дарё ба боло баровардаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон низ дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, 30-юми январи соли 2022, тахминан соати 14:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Раззоқов Фарҳод Абдурауфович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент, дар ҳудуди мавзеи дашти Сиёвардаи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Зарафшон чаппа шудааст.
Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш, ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири ӯ Насруллоев Меҳриддин Тошмуродович, соли таваллудаш 2001, сокини Панҷакент, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Тавре қаблан хабар додем, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи бостоншиносии Донишгоҳи славянӣ Фарҳод Раззоқов рӯзи 30-юми январ дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Айнӣ – Панҷакент ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 37 сол дошт. Маросими дафни олими ҷавон рӯзи 31 январ доир шуд.

 Фарҳод Раззоқов, фарзанди бостоншиноси шинохта Абдурауф Раззоқов буда, ҳанӯз аз давраҳои мактабхониаш ба падараш дар ковишҳои археологӣ ёрӣ мерасонд. Ӯ баъдан дар Русияву Олмон низ дониши худро такмил карда, рисолаи номзадиашро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳимоя кард ва муаллифи даҳҳо мақолаву асарҳои илмӣ ва чанд китоб буд.

Саҳми Фарҳод Раззоқов дар ковишҳои бостоншиносӣ дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм назаррас аст, мегӯяд таърихшинос Шароф Қурбонов.

Падараш Абдурауф Раззоқов, чандин сол мудири пойгоҳи бостоншиносии Саразм буд ва дар рушду нумӯи илми бостоншиносӣ хизматҳои шоён намудааст.  Маҳз бо кӯшишу талошҳои Абдурауф Раззоқов баъд аз хидматҳои устодаш Абдуллоҷон Исҳоқов, ковишҳои археологӣ дар Саразм равнақ ёфт.

Мудири пойгоҳи бостоншиносии Саразм Норинисо Худоёрова, ҳалокати Фарҳод Раззоқовро як талафоти бузург дар илми бостоншиносӣ арзёбӣ намуд.

Аз Фарҳод Раззоқов ду тифли хурдсол ятим монд. Марҳум домоди бародари калонии овозхони шинохтаи тоҷик Афзалшоҳи Шодӣ буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button