ВарзишВидео

КОМРОНШОҲ ДАР “GRAND PRIX PORTUGAL 2022” МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ (ВИДЕО)

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар аввалин мусобиқаи гуштини дзюдо дар соли 2022  – “Grand Prix Portugal 2022” ( “Гран-Прии Португалия”) сазовори медали биринҷӣ шуд.
Ин мусобиқаи байналмилалӣ аз 28 то 30 январ дар шаҳри Алмадаи Португал доир шуд.
Комроншоҳ, ки дар вазни то 90кг ҳунарнамоӣ мекард,  дар даври аввал озод буд. Ӯ аз даври дуюм вориди рақобатҳо шуда, аввал паҳлавони ӯзбекистонӣ Достон Мейлиевро шикаст дод ва дар чорякфинал бар варзишгари Украина Артём Бубир пирӯз шуд. Вале дар нимфинал Комроншоҳ Устопириён аз варзишгари Италия Кристиан Парлатӣ мағлуб гашт. Комроншоҳ сипас дар муҳориба барои ҷои сеюм намояндаи Гурҷистон Имеда Гоголадзеро шикаст дод.

Ҷои аввалро дар вазни то 90 кг Ҷеспер Сминк аз Ҳолланд, ки дар бозии ниҳоӣ Парлатиро шикаст дод, ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков низ ба намояндагӣ аз Тоҷикистон барои иштирок дар “Гран-Прии Португалия” номнавис шуда буд, вале мутаассифона, ташхиси ӯ аз коронавирус натиҷаи мусбат дод ва Сомон ба ин далел дар ин мусобиқот иштирок карда натавонист.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар аввалин мусобиқаи сол 301 варзишгар (179 мард ва 122 зан) аз 41 давлат ширкат карданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд – ҷои аввал – 3000 евро, ҷои дуюм – 2000 евро, ду ҷои сеюм – 1000-евроӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button