ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН ВА ДУ НАВРАС ДАР ПОЙТАХТ БАРОИ ДУЗДӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти як навраси 17-сола  ва ҷавони 19-сола ва ноболиғи 17-сола барои даст доштан дар ду мавриди алоҳидаи дуздии либос аз ду мағоза дар пойтахт, шаҳри Душанбе хабар дод.

Аз ҷумла ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 34-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 25 ба 26-уми январи соли 2022, тахминан соати 03:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи фурӯши либосҳо даромада, аз он ҷо либосҳои мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 35 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон боз ба ШВКД-и мазкур бо ариза ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 14-уми январи соли 2022, тахминан соати 08:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш даромада, аз он ҷо либосҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 180 ҳазору 35 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button