ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

АФСАРИ МИЛИТСИЯИ НОҲИЯИ СИНО 128 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТ ВА … АФВ ШУД

Чунин ба назар мерасад, ки қонуни афве, ки моҳи сентябр ба муносибати 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон қабул шуд, як дарвозаи бузург барои аз ҷавобгарӣ халос кардани мансабдорони порахӯр шудааст.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 31 январ хабар дод, ки парвандаи Илҳомиддин Идиев, сардори бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар шуъбаи якуми милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки  барои ба номи “А” ҳуҷҷатгузорӣ кардани як манзили баъди марги соҳибаш бемеросхӯрмонда дар кӯчаи Маяковский 150 ҳазор сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ алакай 128 ҳазорашро гирифта буд, бар асоси қонуни афв қатъ карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ рӯзи 31 январ дар шарҳи ин парванда хабар дод ки Идиев Илҳомиддин Усмонович дар асоси фармоиши сардори РВКД дар шаҳри Душанбе дар вазифаи сардори шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматӣ ба ҷинояти тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо расонидани зарари махсусан калони моддӣ даст задааст.  

“Чунончӣ, номбурда зимни шиносоӣ бо шаҳрванд “А” боварии охиронро ба даст оварда ваъда медиҳад, ки бар ивази маблағи 150 000 сомонӣ, як манзили истиқоматии дуҳуҷрагиро воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковский, 50, ҳуҷраи 35, ки соҳибмулки он вафот карда ва ягон меросхӯр надорад, дар номи охирон қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад.  Идиев И.У. бо мақсади анҷом додани нияти ҷинояткоронаи худ вобаста ба тасарруфи молу мулки ғайр, аз маблағи талабнамудааш 128 000 сомониро гирифта, ба тасарруфи худ дароварда, ягон амалро ба манфиати охирон иҷро накард”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Агентии мубориза бо коррупсия мегӯяд, дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Идиев И.У. бар асоси моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд, вале пешбурди ин парванда дар асоси қонуни афв қатъ карда шуд.

Ин ниҳод ахиран ҳамчунин аз мавриди афв қарор гирифтани Ҳасан Ҳидоятов, як афсари гузаргоҳи Пахтаобод дар марз бо Ӯзбекистон, ки аз шаҳрвандон барои гузаштани марз “доля” талаб мекард, ва Даврон Эгамов, як корманди Донишгоҳи миллӣ, ки барои дохил кардан ба риштаи ҳуқуқшиносӣ 2500 доллар пора гирифта буд, хабар дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button