ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

20 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ СОКИНИ ҲИСОР БАРОИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ҶИЯНИ НОБОЛИҒАШ

Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҳукми худ аз 13 январи соли ҷорӣ сокини ҷамоати Ҳисори шаҳри Ҳисор  Саминов Нозимҷонро бар асоси моддаи 138, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба таҷовуз ба номуси духтари баръало ба синни 14 норасида гунаҳгор дониста,ба 20 соли маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 31 январ бархе ҷузъиёти ин парвандаро, ки тафтиши онро додситонии Ҳислор анҷом додааст, нашр кард.

Бино ба ин манбаъ, “дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Саминов Нозимҷон Ашӯралиевич, санаи 21 сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30 дар ҳолати мастӣ, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, духтари ноболиғи бародараш “С”-ро, ки падару модараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, фарзанди ноболиғашонро таҳти парастории ӯ гузошта буданд, аз ҳолати оҷизии ноболиғ истифода намуда, ӯро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст.”

Тафсилоти дигари ин парванда нашр нашудааст. Назари тарафи маҳкумшуда ва ҷабрдида ё вакилони онҳо феълан дастрас нест. Чандсола будани духтари ҷабрдида низ гуфта нашудааст.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон хабарҳои зиёд дар бораи таҷовуз ба номуси кӯдакони хурдсол, аз ҷумла аз ҷониби хешовандони наздики онҳо ба даст мерасад. Соли гузашта дар пайи чанд чунин ҷиноят мақомоти Тоҷикистон ҷазои ҷиноятиро барои таҷовуз ба дахлнопазирии ҷинсии кӯдакон боз ҳам шадидтар карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button