МУЛОҚОТИ РУХШОНА ЭМОМАЛӢ БО ЛОРД ТОРИҚ АҲМАД ДАР ЛОНДОН (АКС)

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ рӯзи 27 январи соли 2022 бо Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳод Лорд Ториқ Аҳмад мулоқот анҷом додааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин мулоқот “доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабирро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намуда, тарафҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ ибрози назар карданд.”
Бино ба гузориши вазорати хориҷа, “Лорд Ториқ Аҳмад дар фаъолияти минбаъдаи Рухшона Эмомалӣ ба ҳайси Сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир комёбиҳо орзу намуд.”
Лорди Уимблдон Ториқ Аҳмад низ таассуроташ аз дидор бо Рухшона Эмомалиро дар Твиттер чунин баён кардааст: “Хушнудам, ки бо Рухшона Эмомалӣ, нахустин зани сафири Тоҷикистон мулоқот карда ам ва масоили субот дар минтақа, иқлим, рушди иқтисодӣ ва ҳуқуқи инсонро баррасӣ кардам. Азбаски мо 30-солагии равобити дипломатиамонро таҷлил мекунем, ман бесаброна мунтазири ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳоямон ҳастам.”
Ториқ Маҳмуд Аҳмад 3 апрели соли 1968 дар маҳаллаи Ламбет дар ҷануби Лондон дар оилаи муҳоҷирон аз вилояти Панҷоби Покистон ба дунё омада, аз нигоҳи мазҳабӣ мусалмон ва пайрави равияи Аҳмадия мебошад. Ӯ тоҷири муваффақ ва сиёсатмадорест, ки аз ҳизби консерваторҳои Бритониё намояндагӣ мекунад. Ториқ Аҳмад соли 2011 ба сурати умрбод пэр интихоб шуда, дар ноҳияи Мертони шаҳри Лондон ба унвони лорд (барон)-и Уимблдонро доданд. Ториқ Аҳмад аз соли 2017 Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳод аст.
Рухшона Эмомалӣ – духтари чорум аз 7 духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари молики ширкати бузурги “Фароз” ва даҳҳо ширкату корхонаи ба он марбут Шамсулло Соҳибов мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 декабр Рухшонаи Эмомалиро сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ таъйин кард. Рухшонаи Эмомалӣ дар ин мақом Масуд Халифазодаро, ки “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шуд, иваз кард.
Рухшона Эмомалӣ то соли 2012, ки шавҳараш ба ҳайси намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британияи Кабир кор мекард, низ дар Лондон ба сар мебурд ва дар сафорати Тоҷикистон кор мекард. Баъди бозгашташ ба Тоҷикистон Рухшона Эмомалӣ дар вазорати корҳои хориҷӣ ба кор даромад ва дар солҳои охир дар мақоми муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат кор мекард. Чанд сол пеш Рухшона Эмомалӣ китоберо бо номи “Асосҳои хизмати дипломатӣ” нашр ва маросими рӯнамоияшро дар вазорати корҳои хориҷӣ барпо карда буд.
Рухшона Эмомалӣ аз фарзандони президент Эмомалӣ Раҳмон нахустин нафарест, ки ба мақоми сафирӣ таъйин шуд. Ашраф Гулов, як домоди Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Туркия аст.
Озода Раҳмон, духтари дуюми президент то таъйин шуданаш ба мақоми раиси дастгоҳи президент дар соли 2016, чандин сол дар мақомҳои сардори раёсати консулӣ, муовини вазир ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор карда буд.