ВидеоКоррупсия

16 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПОРА ГИРИФТАНИ ЯК КОРМАНДИ АГЕНТИИ МАОРИФ

Як манбаи муътамади пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки кормандони Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 21 январ як корманди Агентии назорати соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон, як ниҳоди давлатии вобаста ба президенти ин кишварро бо иттиҳоми гирифтани 16 ҳазор доллар аз як корафтода дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Д.Ю., зодаи ноҳияи Данғара, фарзанди С.Ю., як мақоми дар гузашта баландпояи ВКД, ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 16 ҳазор доллар аз шаҳрванд С. бо далели шайъӣ ба даст афтодааст ва ин маблағро ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, ки боздоштшуда ба шаҳрванд С. ваъда додааст, ки ӯро  дар ивази 16 ҳазор доллар якбора аз соли дуюм (!!!) ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил мекунад.

Дар посух ба ин суол, ки оё дар воқеъ сухан дар бораи қабул кардан ба мактаби олӣ якбора аз соли дуюм меравад?, манбаи “Бомдод” гуфт, бале, дар ҳақиқат, ин интиқол аз дигар мактаби олӣ ба Донишгоҳи тиббӣ, яъне “перевод” набуд, балки шаҳрванд С. баъди пардохти 16 ҳазор доллар якбора донишҷӯи соли дуюми ин донишгоҳ мешуд. “Перевод” 16 ҳазор доллар намешавад, хеле арзонтар аст “нарх”-аш”, –  гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин манбаъ, як шарики Д.Ю., ки ӯ ҳам мансабдори давлатист, дар чорчӯби ин парванда дастгир шудааст, вале ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот исми ӯ нашр намешавад.

Тафсилоти аз ин бештари парванда дар ҳоли ҳозир дастрас нест. Ба зидди корманди, метавон гуфт, ҳамакнун собиқи Агентии назорати соҳаи маориф ва илм бар асоси қисми чоруми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парванда кушодаанд.

“Дар ҳоли ҳозир, Д.Ю. ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодии шартӣ қарор дорад ва ҳар дафъа бояд бо талаби тафтишот барои бозпурсӣ ва дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ ҳозир шавад”, хабар дод манбаи “Бомдод”.

Манбаи “Бомдод” ҳамчунин хабар дод, ки  қаблан ҳам ба зидди ҳамин нафар бар асоси қисмҳои ду ва сеи моддаи 247 парвандаҳои ҷиноятӣ кушода буданд, вале ҳар ду дафъа ӯ бо сӯиистифода ҳамсабақи донишгоҳии раиси Агентии мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода буданаш аз ҷавобгарӣ халос хӯрда буд. Тавре ба назар мерасад, аз номи вай сӯиистифода кардани ҳамсабақаш ба дили Султонзода ҳам задааст, ки то ҳол ягон кас барои “ҳаллу вал” кардани ин парванда дар байн надаромадааст.

Агентии назорати соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.

Низоми маорифи Тоҷикистон яке аз соҳаҳои аз фасодзада дар ин кишвар ба шумор меравад. Дар нимаи аввали соли 2021 дар муассисаҳои марбут ба вазорати маориф ва илм 79 ҳолати ҷиноятҳои коррупсионӣ сабт шуда буд. Бино ба ҳисоби мақомоти агентии мубориза бо коррупсия, вазорати маориф ва илм дар нимаи аавали соли 2021 дар пайи мақомоти ҳокимияти давлатӣ  ва бонкҳо дар “чемпионат”-и ниҳодҳои фасодзадатарини Тоҷикистон дар зинаи сеюм ҷой гирифта буд.

Лозим ба зикр аст, ки як ҳадафи таъсиси Агентии назорати соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди алоҳида аз вазорати маориф низ пешгирӣ аз коррупсия гуфта мешуд. Роҳбарии ин агентиро феълан Шоҳин Саидзода, писари вазири собиқи маориф ва илм ва раиси кунунии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид дар даст дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button