ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ХУҶАНДРО БА МАБЛАҒИ 285 ҲАЗОР СОМОНӢ ФИРЕБ ДОДААНД

Сокини 46-солаи сокини ноҳияи Восеъ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 416 ҳазор сомониро бо ҳар баҳона гирифта, аз ин маблағ ҳамагӣ 131 ҳазор сомониашро баргардонда, боқимонда 285 ҳазор сомониро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
хххххххххххх

Ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки шаби 10 июни соли гузашта ба хонаи зани 37-солаи сокини пойтахт даромада, телефони мобил, 8 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро дуздидааст.

хххххххххххх

Як навраси 16-сола дар шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мшавад, ки соати дуи шаби 26 ба 27 январ аз хонаи зани 50-солаи сокини шаҳри мазкур як телефони мобил ва 10 ҳазор сомониро дуздидаааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 29 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

01

Аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд нисбати марди 46-солаи сокини ноҳияи Восеъ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони қаллобӣ оғоз карда шудааст.
Номбурда моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 416 ҳазор сомониро бо ҳар баҳона гирифта, аз ин 131 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда 285 ҳазор сомониро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Нисбат ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ду ҷавон бо ҷурми дуздӣ

vor-0504

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 37-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 10-уми июни соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, 8 ҳазор сомонӣ, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 20 ҳазору 720 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 50-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 26 ба 27-уми январи соли 2022, тахминан соати 02:00, шахси номаълум ба воситаи тиреза ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг С-6” ва 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 16-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбари ҷинояти зикргардида дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button