ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МУЗОКИРОТИ ЯК БА ЯКИ ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ. НАТИҶАҲО ЭЪЛОН НАШУДААНД (ВИДЕО)

Субҳи 29 январ дар як гузаргоҳ дар марзи Исфараву Бодканд музокироти якбаяки раҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев доир шудааст. Дар пайи ин мулоқоти якбаяк, ки то нимаи рӯзи 29 январ давом кард, ягон санад имзо нашудааст ва на Ятимов ва на Тошиев низ дар бораи тавофуқоти бадастомада ё наомада ягон тавзеҳ надодаанд.Танҳо гуфта мешавад, ки вазирони амнияти ду кишвар масоили марбут ба муноқишаи шаби 27 январро баррасӣ кардаанд. Дар ҷараёни он муноқишаи мусаллаҳона байни марзбонҳои тоҷику қирғиз ду сокини Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафари дигар аз ду тараф захмӣ шуданд.

Рӯзи 28 январ низ музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд, вале дар он Ятимов ҳузур надошт. Ҳайъати Қирғизистонро Тошиев ва ҳайъати Тоҷикистонро фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ раҳбарӣ мекарданд. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол  натиҷаҳои ин музокиротро шарҳ надодааст, вале Қамчибек Тошиев гуфт, ки дар ин гуфтугӯ тарафҳо ба 5 тавофуқ даст ёфтанд:

  1. Мо қарор кардем, ки барои таҳқиқи ҳодисаҳои рӯйдода як комиссия ташкил шавад.
  2. Комиссия бояд сабабҳоеро, ки боиси ҳодисаҳои дирӯза шуданд, низ таҳқиқ кунад.
  3. Ба вазорати ҳолатҳои фавқулодда дастур дода шуд, то барои ба хонаҳояшон баргардондани сокинони ба сабаби вазъ аз марз кӯчондашуда кумак расонад. Ҳамаи онҳо бояд то шоми имрӯз, 28 январ ба хонаҳои худ баргардонда шаванд.
  4. Ба мақомоти қудратӣ дастур шудааст, ки барои таъммини тартибот ва амният дар маҳалҳо кор баранд
  5. Аз ҳама асосӣ: Тамоми ниҳодҳои қудратӣ бояд аз марз берун кашида шуда, ба қисмҳои низомӣ баргарданд. Дар марз фақат кормандони милитсия ва марзбонҳо боқӣ мемонанд.

Аммо дар посух ба суоли хабарнигори нашрияи қирғизии Turmush дар мавриди инки гӯё ҷониби Тоҷикистон тавофуқҳои қаблиро риоя накарда, тирпаррониро сар кард ва оё то куҷо ин дафъа тавофуқоти бадастомадаро риоя хоҳад кард?, Тошиев бо як лаҳне, ки тарафи Қирғизистонро ғолиби муноқишаи охир тасвир мекард гуфт: “Мо умедворем, ки баъди муноқишаи дирӯза онҳо тавофуқоти имрӯз бадастомадаро риоя ва иҷро хоҳанд кард. Баъди муноқишаи дирӯза онҳо сабақ гирифтанд ва ба ин далел, маҷбуранд, ки тавофуқоти ҳосилшударо риоя кунанд.”

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 27 январ якбора бад шуд.

Тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ байни марзбонони тоҷику қирғиз муноқишаи мусаллаҳонае сар зад, ки ҳудуди 6 соат давом кард. Дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон ду нафари мулкӣ кушта ва 10 нафари дигар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 нафари мулкӣ захмӣ гардиданд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, дар муноқишаи ахир аз ҷониби аҳолӣ ва ҳарбиёни қирғиз касе кушта нашуда, вале 11 ҳарбии қирғиз тир хӯрдаанд.

Дар натиҷаи музокироти шаби гузашта тарафҳо дар мавриди оташбас, берун кашидани нирӯҳои иловагӣ ва кушодани роҳҳо ба тавофуқ расиданд.  Ҳарду тараф мегӯянд, дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон муътадил буда, таҳти назорат қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button