ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕОИ МОШИНИ “ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ”–Е, КИ РОНАНДААШ КУШТА ШУД

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Исфара видеои мошини “Ёрии таъҷилӣ”-еро, ки шаби 27 январ дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳадафи ҳамла қарор гирифт, фиристоданд. Дар видео дида мешавад, ки бар асари зарбаи гулӯла шишаҳои мошин шикаста, рехтаанд ва дохили мошин ҳама ба ҳам зада шуда, курсии ронанда хароб гардидааст ва дар он изи хун дида мешавад.

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон хабар дод, ки Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи миномёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расид.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса дастрас нест.

Ба иттилои марзбонони тоҷик дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳонаи шаби 27 январ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон ду нафари мулкӣ кушта ва 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз  ин захмиён 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд.

Нафари дуюми кушташуда аз тарафи Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло аст, ки гуфта мешавад, дар рӯи ҳавлии худаш бар асари расидани тири миномёти низомиёни Қирғизистон ба ҳалокат расид.

Қаблан як мақоми соҳаи тандурустии Исфара аз интиқоли 17 захмӣ танҳо ба бемористони марказии ин шаҳр хабар дода буд. Гуфта мешавад, ду корманди шаҳрдории Исфара: ҳуқуқшинос Некрӯз Хоҷаев ва мудири шӯъбаи ташкилӣ Шафииён Искандар Маликӣ низ ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба хабарҳо, Шафииён аз пои росташ тир хӯрдааст.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, дар муноқишаи ахир дар марзи Бодканду Исфара аз ҷониби аҳолӣ ва ҳарбиёни қирғиз касе кушта нашудааст. Ӯ гуфт, аз тарафи Қирғизистон  11 нафар аз ҳарбиён тир хӯрдаанд.

Дар натиҷаи музокироти шаби гузашта тарафҳо дар мавриди оташбас, берун кашидани нирӯҳои иловагӣ ва кушодани роҳҳо ба тавофуқ расиданд.  Ҳарду тараф мегӯянд, дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон муътадил буда, таҳти назорат қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button