ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ТОШИЕВ: “ОНҲО (ТОҶИКҲО) АЗ МУНОҚИШАИ ДИРӮЗА САБАҚ ГИРИФТАНД” (ВИДЕО)

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва раҳбари ҳайъати он кишвар дар музокироти масоили марзӣ бо Тоҷикистон рӯзи 28 январ ба хабарнигорони қирғиз хабар дод, ки музокироти ду кишвар дар воҳиди сарҳадии “Достук” дар марзи Бодканду Исфара ба анҷом расид. Ҷониби Тоҷикистон то кунун натиҷаҳои ин музокиротро шарҳ надодааст, вале Тошиев гуфт, ки дар ҷараёни суҳбатҳо як қатор тавофуқот ҳосил шуд.

  1. Мо қарор кардем, ки барои таҳқиқи ҳодисаҳои рӯйдода як комиссия ташкил шавад.
  2. Комиссия бояд сабабҳоеро, ки боиси ҳодисаҳои дирӯза шуданд, низ таҳқиқ кунад.
  3. Ба вазорати ҳолатҳои фавқулодда дастур дода шуд, то барои ба хонаҳояшон баргардондани сокинони ба сабаби вазъ аз марз кӯчондашуда кумак расонад. Ҳамаи онҳо бояд то шоми имрӯз, 28 январ ба хонаҳои худ баргардонда шаванд.
  4. Ба мақомоти қудратӣ дастур шудааст, ки барои таъммини тартибот ва амният дар маҳалҳо кор баранд
  5. Аз ҳама асосӣ: Тамоми ниҳодҳои қудратӣ бояд аз марз берун кашида шуда, ба қисмҳои низомӣ баргарданд. Дар марз фақат кормандони милитсия ва марзбонҳо боқӣ мемонанд.

Қарор аст, ин музокирот рӯзи 29 январ идома ёбад.

Аммо дар посух ба суоли хабарнигори нашрияи қирғизии Turmush дар мавриди инки гӯё ҷониби Тоҷикистон тавофуқҳои қаблиро риоя накарда, тирпаррониро сар кард ва оё то куҷо ин дафъа тавофуқоти бадастомадаро риоя хоҳад кард?, Тошиев бо як лаҳне, ки худро ғолиби муноқишаи охир тасвир мекард гуфт: “Мо умедворем, ки баъди муноқишаи дирӯза онҳо тавофуқоти имрӯз бадастомадаро риоя ва иҷро хоҳанд кард. Баъди муноқишаи дирӯза онҳо сабақ гирифтанд ва ба ин далел, маҷбуранд, ки тавофуқоти ҳосилшударо риоя кунанд.”

Қаблан хабар дода будем, ки рӯзи 28 январ дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон оғоз ёфт. Ин музокирот дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 27 январ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон  буд, ки аз ду тараф ду кушта ва дастикам 21 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳарду нафари кушташуда сокинони мулкии Тоҷикистонанд.

Дар аксҳое, ки аз ҷараёни музокирот нашр шуд, дида мешуд, ки ҳайъати Тоҷикистонро фармондеҳи Қӯшунҳои марзбонӣ генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳайъати Қирғизистонро Қамчибек Тошиев раҳбарӣ мекунанд. Дар музокирот аз ҷониби Қирғизистон ҳамчунин раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев ва аз тарафи Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Исфара Баҳовиддин Баҳодурзода низ дида мешуданд.

Музокирот пушти дарҳои баста гузашт, вале дар оғози гуфтугӯҳо ҳам Тошиев ва ҳам Раҳмоналӣ ба зарурати ҳалли сулҳомези муноқишаҳо таъкид кардаанд.

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 27 январ якбора бад шуд.

Тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ байни марзбонони тоҷику қирғиз муноқишаи мусаллаҳонае сар зад, ки ҳудуди 6 соат давом кард. Дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон ду нафари мулкӣ кушта ва 10 нафари дигар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 нафари мулкӣ захмӣ гардиданд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, дар муноқишаи ахир аз ҷониби аҳолӣ ва ҳарбиёни қирғиз касе кушта нашуда, вале 11 ҳарбии қирғиз тир хӯрдаанд.

Дар натиҷаи музокироти шаби гузашта тарафҳо дар мавриди оташбас, берун кашидани нирӯҳои иловагӣ ва кушодани роҳҳо ба тавофуқ расиданд.  Ҳарду тараф мегӯянд, дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон муътадил буда, таҳти назорат қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button