ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ДУ КУШТА ВА ДАҲҲО ЗАХМӢ: ЭЪЛОНИ ОТАШБАС ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон хабар дод, ки бар асари даргириҳои мусаллаҳонаи шаби 27 январ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи миномёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд. Қаблан як мақоми соҳаи тандурустии Исфара аз интиқоли 17 захмӣ танҳо ба бемористони марказии ин шаҳр хабар дода буд. Гуфта мешавад, ду корманди шаҳрдории Исфара: ҳуқуқшинос Некрӯз Хоҷаев ва мудири шӯъбаи ташкилӣ Шафииён Искандар Маликӣ низ ҷароҳат бардоштаанд. Шафииён аз пои росташ тир хӯрдааст.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, аз ҷониби аҳолӣ ва ҳарбиёни қирғиз касе кушта нашудааст. Ӯ гуфт, дар муноқишаи ахир 11 нафар аз ҳарбиён тир хӯрдаанд.

Марзбонони тоҷик мегӯянд, муноқишаи мусаллаҳона байни марзбонҳои тоҷику қирғиз шаби 27 январ, тахминан соатим 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ ба амал омадааст. Бино ба иттилои расмии ҷониби Тоҷикистон, соати яки шаб дар шудуди ҷамоати Сурх музокироти намояндагони ду кишвар доир шуд ва ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон розӣ шуд, ки роҳи Бодканд Исфанаро низ бикушояд.

Сарраёсати қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир “вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, тавофуқ дар мавриди оташбас дар пайи музоқироти ӯ бо раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдикарим Алимбаев ба даст омадааст. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба дунбол хабар дод, ки бар асоси ин тавофуқ нирӯҳои иловагӣ аз манотиқи марзӣ берун бароварда, ба ҷойи доимии худ баргардонида шуданд.

Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, рӯзи 28 январ, соати 11 музоқироти ӯ бо мақомоти Тоҷикистон доир мешавад. Ӯ нагуфт, ҳайъати Тоҷикистонро кӣ раҳбарӣ мекунад? Баъди муноқишаи хунини баҳори соли гузашта Тошиев бо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов сарони ҳайъатҳои музокиротии ду кишвар буданд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Он вақт ҷониби Тоҷикистон аз ҳалокати 19 нафар ва ҷароҳат бардоштани 87 каси дигар хабар дод ва ҷониби Қирғизистон  аз ҳалокати 36 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 150 тани дигар.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Рӯзи 27 январи соли 2022 тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 28 январи соли 2022, соати 01.00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомотҳои салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд.

Айни замон вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button