ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

НАЗАРБОЕВ ДИГАР РАҲБАРИ “НУР ОТАН” ВА ДУХТАРАШ ҲАМ УЗВИ ШӮРОИ ИН ҲИЗБИ ҲОКИМ НЕСТ

Раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва наздикони ӯ ҳамчунон паиҳам мансабҳои доштаашонро аз даст дода истодаанд.

Рӯзи 28 январ  анҷумани ҳизби ҳокими “Нур Отан” раисиҷумҳури кунунӣ Қосим-Жомарт Тоқаевро раиси нави ҳизб интихоб кард. Бо вуҷуди тарки мақоми президент дар соли 2019, Назарбоев чанд мақоми муҳим, аз ҷумла раёсати Шӯрои амният, ҳизби ҳокими “Нур Отан” ва Ассамблеяи халқҳои Қазоқистонро дар дасти худ ҳифз карда буд.

Баъди эътирозҳои хунини аввали моҳи январ, ки беш аз 200 кушта ба ҷо гузошт, Назарбоев батадриҷ аз мансабҳои худ маҳрум гардида, аввал раҳбари Шӯрои амният, сипас Ассамблея ва инак ҳизби ҳокимро ҳам ба Тоқаев супурд.

Дар ҳайъати нави Шӯрои сиёсии ҳизби “Нур Отан”, ки ба гуфтаи хадамоти матбуоти ҳизб, 55 фоиз нав шуда, ҳамаи 389 вакили анҷуман барои онҳо овоз додаанд, номи духтари калонии Назарбоев Дориға, сарвазири собиқ Аскар Мамин а Бауирҷон Бойбек нест. Мамин ва Бойбек аз ёрони наздики Назарбоев ба шумор мераванд ва Бойбек то 28 январ ҳатто муовини якуми раиси ҳизби ҳокими “Нур Отан” буд.

Тағйирот дар роҳбарии ҳизби ҳокими “Нур Отан” дар ҳолест, ки ба бовари нозирони умур, дар Қазоқистон байни тарафдорони президентҳои қаблӣ ва кунунӣ Назарбоев ва Тоқаев муборизаи шадиде барои тақсими қудрат ҷараён дорад. Ин муборизаҳо бахусус баъди эътирозҳои хунини аввали моҳи январ дар Қазоқистон, ки беш аз 200 кушта ба ҷо гузошт, шиддат гирифтанд ва ошкортар шуданд.

Рӯзи 18 январ Назарбоев дар ягона паёми видеоияш баъди ҳаводиси ахир кӯшиш кард худро орому хунсард нишон диҳад ва исрор меварзид, ки байни ӯву Тоқаев ихтилофе вуҷуд надорад.

Вале тавре ба назар мерасад, талотуми таҳаввулот дигар ба гунае нест, ки раҳбари собиқи Қазоқистон мехоҳад тасвир ё тасаввур кунад.

Дар ҷараёни эътирозҳо як шиори асосии мардум “Шал, кет!” (“Мӯсафед, бирав!”) буд, ки манзурашон комилан аз қудрат рафтани Назарбоев буд. Дар он рӯзҳо эътирозгарон ҳатто ба гардани ҳайкали Назарбоев дар шаҳри ТалдиҚӯрғон сим баста, онро аз бех канданд.

Ҳамчунин, сарвазири собиқ Карим Масимов, ки солҳои охир раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд ва аз ёрони наздики Назарбоев ба шумор меравад, бо ду муовинаш бо иттиҳоми сангини хиёнат ба давлат ва кӯшиши ғасби базӯрии ҳукумат ба ҳабс гирифта шуда, ҷияни худи Назарбоев Самат Абиш, ки муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва “чашму гӯши Назарбоев” дар мақомоти қудратии Қазоқистон буд, рӯзи 17 январ бо амри Тоқаев аз вазифа озод карда шуд. Ҳамин тавр, ҳамаи се домоди Назарбоев: Димаш Косанов, Кайрат Шарипбаев ва Тимур Қулибоев, ки бо беш аз 6 миллиард доллар дороии худашу занаш Динора аз сарватмандтарин миллиардерҳои Қазоқистон дониста мешавад, аз мақомҳои раҳбарии ширкатҳои “Қазоқгаз”, “Қазтрансойл” ва Палатаи миллии соҳибкорон “пеш аз муҳлат” ва гӯё “бо хоҳиши худашон” барканор карда шуданд.

Рӯзи 25 январ Тоқаев Берик Имашевро аз мақоми раиси Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон барканор кард. Имашев қудои Дориға Назарбоева, духтари калонии президенти собиқ аст. Нуралӣ Алиев, писари калонии Дориға аз шавҳари якумаш Роҳат Алиевба Аида, духтари Берик Имашев издивоҷ кардааст.

Нурсултон Назарбоев, ки аз соли 1989 бар Қазоқистон раҳбарӣ мекард, моҳи марти соли 2019 расман мақоми президентиашро ба Тоқаев супурд, вале аз паси парда ҳамчун “Елбасӣ” (“Пешвои миллат”), раиси Шӯрои амният ва раҳбари ҳизби ҳоким ҳамчунон умури раёсати кишварро дар дастони худ нигоҳ дошта, Тоқаевро амалан ба як навъ президенти намоишӣ табдил дода буд.

Вале нозирони умур бар инанд, ки эътирозҳои ахир нуқтаи оғози поёни даврони Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button