ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЯК БИНО ДАР ЧОРКӮҲ АЗ ТИРИ МИНОМЁТ БА КОМИ ОТАШ РАФТААСТ (ВИДЕО)

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Исфара видеои бинои сӯхта дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳро фиристоданд. Ин бинои воқеъ марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон шаби 27 январ дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳадафи ҳамла бо миномёт қарор гирифтааст.

Дар видео дида мешавад, ки бар асари расидани тирҳои миномёт дар бино сӯхтор ба амал омада, бар асари он аз казармаҳои ин қисми низомӣ танҳо чор девор боқӣ монда, бому дару девор ва ҳама чизе, ки дар дохили ин биноҳо буд, ба коми оташ рафтааст.  Дар видео чанд нафар, аз ҷумла ҳарбиён дида мешаванд, ки асароти ҳамлаи шабонаро тамошо доранд. Аз дохили бино то ҳол дуд баланд мешавад.

Муноқишаи мусаллаҳона байни марзбонҳои тоҷику қирғиз шаби 27 январ, тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ оғоз ёфта, ҳудуди 6 соат давом кард. Дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон ду нафари мулкӣ кушта ва 10 нафари дигар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 нафари мулкӣ захмӣ гардиданд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, дар муноқишаи ахир дар марзи Бодканду Исфара аз ҷониби аҳолӣ ва ҳарбиёни қирғиз касе кушта нашуда, вале 11 ҳарбии қирғиз тир хӯрдаанд.

Дар натиҷаи музокироти шаби гузашта тарафҳо дар мавриди оташбас, берун кашидани нирӯҳои иловагӣ ва кушодани роҳҳо ба тавофуқ расиданд.  Ҳарду тараф мегӯянд, дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон муътадил буда, таҳти назорат қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button