ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ХОНАИ ЯК СОКИНИ ДЕҲАИ ХОҶАИ АЪЛОРО ТИРБОРОН КАРДААНД (ВИДЕО)

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Исфара видеои хонаи як сокини деҳаи Хоҷаи Аълоро фиристоданд, ки   шаби 27 январ дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳадафи тирборон қарор гирифтааст. Дар видео осори тирҳо дар деворҳои ин хона дида мешавад. Ба гуфтаи сокинон, ин хона аз маҳалли даргириҳои ахир дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон дур буд, вале бо ин вуҷуд аз тарафи Қирғизистон болои он тирпарронӣ сурат гирифтааст. Дар задухӯрдҳои ахир сокини 36солаи Хоҷаи Аъло Обидҷон Тӯйчиев дар рӯи ҳавлиаш аз тири мушаки миномёт кушта шуд.

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 27 январ якбора бад шуд.

Тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ байни марзбонони тоҷику қирғиз муноқишаи мусаллаҳонае сар зад, ки ҳудуди 6 соат давом кард. Дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон ду нафари мулкӣ кушта ва 10 нафари дигар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 нафари мулкӣ захмӣ гардиданд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, дар муноқишаи ахир дар марзи Бодканду Исфара аз ҷониби аҳолӣ ва ҳарбиёни қирғиз касе кушта нашуда, вале 11 ҳарбии қирғиз тир хӯрдаанд.

Дар натиҷаи музокироти шаби гузашта тарафҳо дар мавриди оташбас, берун кашидани нирӯҳои иловагӣ ва кушодани роҳҳо ба тавофуқ расиданд.  Ҳарду тараф мегӯянд, дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон муътадил буда, таҳти назорат қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button