ВидеоМуҳоҷирон

УМЕД НАҚЛ КАРД, КИ 100 МИЛЛИОН РУБЛИ ҒОРАТКАРДААШОНРО ЧӢ ХЕЛ ТАҚСИМ КАРДАНД (ВИДЕО)

Манбаи нашрияи русии «МК» хабар дод, ки бино ба хулосаи тафтишот, завҷаи овозхони  марҳум Александр Градский Марина Коташенко ва ҳеҷ кадоми дигар аз хешовандони ин овозхон дар ғорати 100 миллион рубл мероси ӯ даст надорад. Ба ақидаи тафтишот, дар ин кор 4 зодаи Тоҷикистон даст доштаанд, ки яке аз онҳо: Умедҷон Ҷабборов дастгир шуда, сеи дигар ба Беларус ва Тоҷикистон фирор кардаанд. Вале номи ҳамаи ғоратгарон алакай маълум карда шудааст ва онҳоро ба зудӣ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор хоҳанд дод.

Рӯзи 26 январ додгоҳи шаҳри Нарофомински вилояти Маскав ягона муттаҳами дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадо дастгиршуда Умедҷон Ҷабборов, сокини 27-солаи деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштичи Тоҷикистонро то 16 март ба ҳабс гирифт. Вакили Ҷабборов гуфт, ки “ӯ аз карда пушаймон буда, барои ҳамкорӣ бо тафтишот омода аст. Ӯ гуфт, мехост каме пул кор кунад.”

Манбаи «МК» нақл кардааст, ки ҳамлагарон баъди ғорати 100 миллион рубл, пулро байни худ тақсим кардаанд ва аз ҷумла ба Умед ҳудуди 10 миллион рубл додаанд. Ӯ ба 2 миллион рубл аз ин пул зуд модели охирини мошини “Тойота Кемри” харида, кӯшиши фирор ба Тоҷикистонро кардааст. Умед ба ин мақсад ҳатто то вилояти Самара рафтааст, вале аз марзи Русия бо Қазоқистон гузашта натавониста, ба Маскав баргаштааст, то касеро пайдо кунад, ки ӯро аз марз гузаронда тавонад. Вале шоми 24 январ Умедҷон Ҷабборов тавассути барномаи шиносоии қиёфаҳо дар истгоҳи метрои “Менделеевская” мушоҳида ва ҳамонҷо дастгир кардаанд.

Александр Градский, овозхон ва оҳангсози шинохтаи рус рӯзи 28 ноябр дар синни 72 аз олам чашм пӯшид.  Рӯзи 16 январ дар роҳ дар ҳудуди ноҳияи Наро-Фомински вилояти Маскав се марди мусаллаҳ барқасдона садама ташкил карда, ба мошини завҷаи Градский Марина Косташенко нишастанд ва маҷбураш карданд, ки ба хонааш баргашта, 100 миллион рубл пули нақдеро, ки дар хона дошт, бароварда, ба онҳо диҳад.  Ғоратгарон сипас Косташенкоро маҷбур кардаанд, ки онҳоро бо мошинаш то Апрелёвка барад. Дар инҷо яғмогарон аз мошини ӯ фаромада, ба як мошини дигар нишастаанд, вале қабл аз фирор 5 миллион рубли Коташенкоро ба ӯ баргардонда, “маслиҳат” додаанд, ки “ бо ин пул чӣ хеле ки дилаш мехоҳад, зиндагӣ кунад.”

Пулис мошинеро, ки яғмогарон бо он фирор карданд, дар ноҳияи Соколникии шаҳри Маскав пайдо кард. Мошин ба исми Халлоқов ном сокини вилояти Твер сабт шуда буд. Вале ӯ баёнот дод, ки ин мошинро кайҳо бо боварихат ба Умед Ҷабборов ном шаҳрванди Тоҷикистон фурӯхтааст.

Тафтишот бар ин аст, ки ба ин ҳамла ва ғорати мероси Градский ҳеҷ кадоме аз ворисонаш даст надоранд. Қаблан фарзияҳое ҳам вуҷуд дошт, ки ин корро шояд писари оҳангсоз ё касе аз тарафи завҷаи ӯ ташкил карда бошад. Манбаи “МК” гуфтааст, ғоратгарон ин ҳамларо худ нақша кашидаанд ва гумон меравад, ки маълумотро дар бораи вуҷуди пули зиёд дар хонаи Градский ба онҳо як муҳоҷири тоҷик, ки пештар дар хонаи беруншаҳрии овозхон дар канори Нарофоминск кор мекард, дода бошад.

Дар ҳар сурат, бино ба нақли манбаи “МК”, баъди вафоати Градский ҳамлагарон чандин рӯз дар атрофи хонаи ӯ камин гирифта, ҳамсарашро поидаанд, ки кай аз хона мебарояд. Рӯзи 16 январ онҳо аз қафои мошини Лексуси Коташенко сур карда, ӯро аз пас мезананд ва сипас ба мошинаш нишаста, маҷбур мекунанд, ки ба хона рафта, ҳама пули доштаашро бароварда бидиҳад.

Гуфта мешавад, Умед Ҷабборов ронандаи мошине буд, ки аввал ба Лексуси Коташенко бархӯрд кард ва сипас аз Апрелёвка шариконашро гирифта, бурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button