
Мураббии 55-солаи хорват Петар Шегрт (Сегрт), ки соҳиби муҷаввизи «Pro» аз УЕФА мебошад, сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфт, ки Петар Шегрт рӯзи 28 январ соати 11 дар дафтари Федератсия нахустин нишасти матбуотиашро баргузор мекунад. Петар Шегртро барои кори муваффақаш бо футболбозони ҷавон “Меъмор” (“Архитектор”) лақаб додаанд.
Масъалаи таъйини мураббии хорват рӯзи 27 январ дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ дар меҳмонхонаи “Ҳятт Риҷенси Душанбе” ҳал шудааст. Шегрт нахустин мураббӣ аз Аврупост, ки ба раҳбарии тими миллии футболи Тоҷикистон даъват мешавад. ФФТ гуфт, тими миллӣ таҳти раҳбарии Петар Шегрт ба давраи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ хоҳад гирифт. Ин мусобиқот аз 8 то 14 июн доир мешавад.
Курсии сармураббии тими миллии Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2021 баъди тамдид нашудани қарордоди мураббии ӯзбек Усмон Тошев 7 моҳ боз холӣ монда буд. Усмон Тошев аз соли 2018, се сол роҳбарии тими яккачини Тоҷикистонро дар даст дошт. Таҳти раҳбарии ӯ тими миллии Тоҷикистон тавонист бори аввал дар марҳилаи дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бозӣ карда, дар гурӯҳи “F” ҷои дувумро ба даст биорад. Тоҷикистон дар ин гуруҳ танҳо аз Япония, яке аз дастаҳои аз ҳама қавии қораи Осиё ақиб монд ва барои гузаштанаш ба марҳалаи баъдии рақобатҳо барои роҳхат ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар ҳамагӣ як хол камиаш кард. Зоҳиран дар марҳалаи дуюм дармондан ва аз гуруҳ баромада натавонистани тими миллӣ боис шуд, ки қардододи Тошевро дигар тамдид накунанд ва дар пайи ҷустуҷӯи мураббии қавитар шаванд.
Петар Шегрт 8 майи соли 1966 дар шаҳри Ҷурҷеватся дар шимоли Хорватия ба дунё омада, вале дар Олмон ба воя расидааст. Ӯ ҳамчун бозигар дар дастаҳои ҳаваскори Олмон бозӣ мекард ва собиқаи мураббигиашро низ аз дастаҳои ҳаваскор сар кард. Ӯро Клаус Топмёллер соли 1996 ба ҳайси ёвари худ ба дастаи машҳури “Бохум” даъват кард. Шегрт баъдан боз дар чанд дастаи Олмон ба ҳайси ёвари сармураббӣ кор карда, сипас ба ҳайси сармураббӣ чанд тими Австрия, аз ҷумла «Леобен», «Рид» ва «Винер Шпорт-Клуб»-ро роҳбарӣ кардааст.
Соли 2006 бо даъвати боз ҳам Топмёллер Шегрт ба Гурҷистон рафта, раҳбарии тими ҷавонони он кишварро ба дӯш гирифт. Баъди рафтани Топмёллер, Шегрт дар ду бозӣ сарпарасти тими миллии Гурҷистон буд. Баъди тарки Гурҷистон Петар Шегрт чанд дастаи Индонезия ва тимҳои миллии Афғонистон ва ҷазираҳои Малдивро роҳбарӣ кардааст.

