ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ВАРЗОБ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 26 январ дар як садама дар дараи Вархоб як нафар ба ҳалокат расида, 4 тани дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба ин манбаъ, 26 январ, соати 15:50 дар роҳи Душанбе-Варзоб мошини боркаши  «Mercedes Atego» ба мошини сабукрави тамғаи «Opel Zafira» бархӯрдаасӣ.

Замони ҳодиса дар мошини «Opel Zafira» 5 нафар савор буданд ва аз Хуҷанд ба Душанбе меомаданд. Мошини боркаши «Mercedes Atego» аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷан равона буд. 

Гурӯҳи наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар километри 72 ин роҳи мошингард навбатдорӣ мекунанд, фавран ба ҷойи ҳодиса расида, ронанда ва мусофиронро аз дохили мошини  харобшудаи «Opel Zafira» берун оварданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ронанда ва мусофирон ҷароҳатҳои сабук бардошта буданд ва имдодгарон ба онҳо ёриҳои аввалини тиббӣ расонданд. Аммо як нафар аз мусофирон, ки дар паҳлуи ронанда менишаст, бар асари ҷароҳати вазнин дар беморхона аз олам гузашт.

Сабаби ин ҳодисаи нақлиётиро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин садама бори дигар ба  ронандагон хотиррасон кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. “Оҳиста мошин ронед, то сафаратон бехатар бошад!” – таъкид шудааст дар иттилоияи Кумита.

Ёдовар мешавем, шоми 26 январ дар як садамаи дигари марговар дар Душанбе як пиёдагард ба ҳалокат расид. Тавре маркази матбуоти ВКД хабар дод, тахминан соати 20:05, ронандаи мошини тамғаи «Хундай-Аксент», Муқимов Саидҷон Шарифович, соли таваллудаш 1986, сокини пойтахт, ронандаи ҶДММ «Олуча Такси», ҳангоми харакат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давронов Баҳодур Набиевич, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Давронов Б.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардидааст, аммо дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Қаблан хабар дода будем, ки нимаи дуюми рӯзи 24 январ дар як садамаи пурқурбонӣ роҳи мошингарди «Чаноқ-Ғафуров-Мастчоҳ»  дар ҳудуди шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Б.Ғафуров бар асари ба мошини ВАЗ 21031 бархӯрдани як “БМВ” 4 узви як оила аз деҳаи Қизилтеппаи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҷон бохтанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button