ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ВАҚТЕ АЗ АЗ ЧАШМИ КӮР ОБ МЕРЕЗАД

Ин қиссаи пандомӯзро Ҷамолиддин Фахриддин дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст.

Ҷамолиддин Фахриддин

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

#ВАҚТЕ АЗ ЧАШМИ КӮР ОБ МЕРЕЗАД

Бо амри тақдир 3 – ҷиянам аз синфи 4 – 5 нобино шуданд. Апаам, ки зиндагии фақирона доранд натвонистанд ба таври бояду шояд ва сари вақт фарзандонро табобат кунад. Аз ин cе ҷиянам дутоаш духтаранд. Соли таваллуди якеаш 1993, дуюмӣ 1995 ва сеюмаш, ки писар аст, 2006 мебошад.

Моҳи гузашта духтари калонинро ба як ҳамтақдири худаш ба шавҳар додем. Агар чӣ хонаи шахсӣ надоранд ва иҷоранишинанд, вале шукр зиндагиашон хуб аст.

Чанде пеш, ҷияни дувумамро ҳам барои як писари нобинои хостгорӣ омаданд. Маслиҳат шуда буд, ки дар як рӯз ҳам хостгорӣ кунанд ва ҳам маҳру пули қалини духтарро диҳанд. Рӯзи хостгорӣ, баъди зиёфат дӯстони домодшаванда, ки ҳамаашон нобино буданд, якеаш суханро кушоду гуфт, соҳибхона ҳастанд?

Шавҳари апаам садо баланд, кард, ки мо ҳамин ҷо. Нияти хайрашонро гуфтанд ва пурсиданд, ки маблағи маҳри духтар ва туқузро гӯянд, ки чанд сум диҳанд. Баъди маслиҳат бо хонавода ба хулосае расиданд, ки шояд 16 – ҳазор сомонӣ гӯянд басанда бошад, агар чӣ дар ин замон ҳеҷ аст, аммо барои он ҷавони нобино ҳам ёфтани чунин маблағ гаронӣ мекард, ин ҳам дар ҳолеаст, ки падару морарашро аз даст додаасту аз пайвандонаш ягон кӯмаке намегирад. Вақте пешниҳод кардем, рафиқони домод гуфтанд, ки ин маблағ хеле зиёд аст. Пешниҳодҳо гуногун шудан гирифт ва ба натиҷае расиданд, ки 14 ҳазор сомонӣ диҳанд. Мо низ рози шудем. Хайёл мекардем, ки чунин маблағро доранду фардо оварда медиҳем. Аммо гуфтанд, ки мо аз пайи ҷамъоварии пул мешавем ва масъалаи квартираи домодро ҳам мебинем, баъдан рӯзи туйро муайян мекунем.

Дар ҳамин ҳолат, акси ҷавонеро, ки дар зер мебинед, марди ношиносе буд, ки ба ҳайси ронада омада буд. Ҳангоми муайян кардани пули маҳру туқуз, он ҷавони ронанда сараш хам буду бо диққат хардуи тарафро гӯш мекарданд. Бо иҷоза як берун рафту бо телефон суҳбат карду омад ва иҷозаи суҳбат пурсид. Ҳама гӯш ба садояш додем.

Гуфт, бародарон агар шумо рози бошед, ман пули ҳамин туқузи хоҳарчаро пардохт кунам ва хоҳиш кард, ки боз ягон фикри дигар накунед, танҳо аз барои Худо мехохам кӯмак кунам.

Мо ҳамдигарро ҳайрон-ҳайрон нигоҳ мекардем. Ҳеч кадомамон чунин ҳолатро интизор надошатем, фикр кардем шӯхӣ мекунанд, вале ҷиддӣ гуфту рафт аз мошинаш 14 – ҳазор сомониро оварда дар ҳузури бачаҳо ба шавҳари апаам дод. Он рафиқони нобино аз шодӣ ашк рехтанд, ки чӣ гуна чизеро, ки фикрашро намекарданд, дар ҷояш ҳал шуд. Якеш бо гулӯи гирифта, ки ашк аз рухсораҳояш ҷорӣ буд, хитоб ба он ҷавони хайрхоҳ карду гуфт, «вақте аз чашмони кӯри мо ашки шодӣ мерезад, Худо ҳамеша ин ашки шодиро насибат гардонад».

Шукр, ки як хонаи иҷораро ҳам ёфтанду ҳафатаи гузашта ҷиянам Роҳилаҷонро бо сари баланд ба хонаи бахт гусел кардем. Умедворем, ки зиндагии хуб дошта бошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button