ВидеоДин ва боварҳоСиёсатҲуқуқи инсон

ҶИЯНИ САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ БОЗДОШТ ШУДААСТ (ВИДЕО)

Нусратулло Саидов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) нимаи дуюми рӯзи 24 январ ба раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон даъват шуда, баъди бозпурсӣ боздошт шудааст.
Мақомот ин хабарро то ҳол шарҳ надодаанд, вале аз хонаводаи Нурӣ рӯзи 26 январ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки Нусратулло Саидов то ҳол ба хонааш барнагаштааст.
“Сабаби боздошташ то ҳол маълум нест. Нимаи дуюми рӯзи 24 январ 5 нафар аз хешу табори моро аз ноҳияи Вахш ба раёсатҳои корҳои дохилии вилоят даъват кардаанд. Дигаронро баъди бозпурсӣ ҷавоб додаанд, вале Нусратуллоро боздошт кардаанд. Касе сабаби боздошти ӯро шарҳ намедиҳад”, – гуфтанд аз хонаводаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ.


Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон боздошти Нусратулло Саидовро идомаи фишор ва таъқиби хонаводаҳои мухолифин номида, зикр кардааст, ки боздошти “Нусратулло Саидов солҳо дар ноҳияи Вахш ба деҳқонӣ машғул буда, ба сиёсат коре надошт.” Ин созмон ҳамчунин гуфтааст, боздошти бародарзодаи Нурӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки фарзанди асосгузори ҲНИТ Муҳаммадҷон Нурӣ ду ҳафта қабл ба вазифаи муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ таъин шуд.
Нусратулло Саидов, писари Ато Саидов, бародари хурдии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, дар деҳаи Нуробод (собиқ 1 Май)-и ҷамоати Тоҷикобод (собиқ совхози “Туркманистон”)-и ноҳияи Вахш ба сар мебарад ва як хоҷагии деҳқонӣ бо номи “Истиқлол 2001” дорад.
Номи ӯ қаблан 4 сол пеш вақте расонаӣ шуд, ки рӯзи 15 феврали соли 2018 дар боми идораи хоҷагии деҳқониаш 5 парчами сиёҳи ДОИШ-ро пайдо карданд. Дар пайи ин ҳодиса, бино ба хабарҳо ҳудуди 10 нафар сокинони ин минтақа, аз ҷумла Нусратулло Саидов бозҷӯӣ шудаанд. Худи ӯ гуфт, баъди як рӯзи бозпурсӣ ва маълум шудани ҳақиқати ҳол озод шудааст.
Кумитаи амнияти миллӣ баъдан хабар дод, ки таҳқиқи ин қазия маълум кард, ки дар он изи ягон созмони террористӣ ё ифротӣ мушоҳида намешавад, балки ду бародар: Қурбоналӣ ва Тоҳир Партоевҳо, ки бо вуҷуди риштаи хешутабориашон ба Нусратулло Саидов хусумати шахсӣ доштанд, хостаанд бо ин роҳ ӯро “подстава” кунанд.
Қурбоналӣ Партоев дар гузориши Кумитаи амнияти миллӣ эътироф кард, ки матои сиёҳро аз бозори Қӯрғонтеппа харида, дар назди дӯзанда мисли парчам дӯзонда, сипас бо ранги сафед дар он парчамҳо бо ҳарфҳои арабӣ аломатҳои марбут ба ДОИШро навиштааст.
Ӯ аз ҷумла гуфт: “Дар сарам омад, ки Саидов Нусратуллоро бо ягон чӣ “подстава” кунем ва мақомот бираванд биқапандаш. Аз бозори “Фаровон”и шаҳри Қӯрғонтеппа матои сиёҳ ва ранг харида, дар хона 3 парчам тайёр кардам ва бурда, дар боми ҳамон кас мондам. Баъд боз 2 парчами дигар тайёр кардам, аз Интернет бехато шиорҳоро кӯчондам ва боз бурда ба боми Нусратулло партофтам.”
Бародарон Партоевҳо барои ин амалашон ҳар кадом ба 2 соли зиндон маҳкум шуданд, вале алакай чанд моҳ баъд озод шуданд. Қурбоналӣ Партоев баъдан дар суҳбатҳои хусусӣ иқрор кардааст, ки агар ин корро намекард, ба худаш вазнин меафтод…
Саид Абдуллоҳи Нурӣ солҳои зиёде дар совхози “Туркманистон”-и ноҳияи Вахш зиндагӣ кардааст ва аксари хешу табораш то ҳол дар ҳамин ҷо ба сар мебаранд. Нурӣ, ки соли 1997 ҳамчун раҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин Созишномаи сулҳро бо президент Эмомалӣ Раҳмон имзо кард ва то соли 2001 раиси Комиссияи оштии миллӣ буд, соли 2006, дар синни 59 аз олам чашм пӯшид.
Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон соли 2015 расман манъ гардида, ин ҳизб ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button